https://sputnik.tj/20261008/pahnshavi-ekstremizm-saad-tahdid-amniyat-1081035673.html
Умарзода паҳншавии экстремизмро таҳдид ба амнияти кишварҳои СААД хонд
Умарзода паҳншавии экстремизмро таҳдид ба амнияти кишварҳои СААД хонд
Sputnik Тоҷикистон
Барои муқовимат бо паҳншавии экстремизм, СААД механизми муассиреро таъсис додааст, ки чораҳои амалиётӣ, пешгирикунанда, ҳуқуқӣ ва иттилоотиро муттаҳид мекунад
2026-10-08T15:21+0500
2026-10-08T15:21+0500
2026-10-08T15:21+0500
саад
амният ва мудофиа
минск
дар тоҷикистон
экстремизм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081038310_39:434:915:927_1920x0_80_0_0_d308ad6975d05391f045880873619973.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Паҳншавии идеологияи экстремистӣ дар кишварҳои узви СААД аз таҳдидҳои муҳимтарин барои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ боқӣ мемонад.Чунин андешаро роҳбари Департаменти мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои Котиботи СААД Умарзода Умар иброз дошт.Ӯ зимни баромад дар Форуми чоруми мубориза бо терроризм, мавзуъи "Паҳншавии идеологияи экстремистӣ дар кишварҳои узви СААД"-ро матраҳ кард, хабар медиҳад, дафтари матбуотии котибот.Ӯ гуфт, барои муқовимат ба он, СААД механизми муассиреро таъсис додааст, ки чораҳои амалиётӣ, пешгирикунанда, ҳуқуқӣ ва иттилоотиро муттаҳид мекунад.Умарзода, қайд кард, ки мубориза бо экстремизм на танҳо чораҳои маҷбурӣ, балки пешгирии системавиро низ дар бар мегирад: ин тарбияи ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ, таблиғоти ҷавонон, тақвияти муқовимат ба таблиғоти харобиовар, рушди саводнокии ВАО ва дастгирии арзишҳои анъанавии маънавӣ ва ахлоқӣ мубошад.Ба гуфтаи сухангӯ, бо назардошти хусусияти фаромиллии экстремизм, СААД ҷонибдори амалҳои ҳамоҳангшуда ҳам дар дохили Созмон ва ҳам дар формати васеи байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар якҷоягӣ бо СММ, СҲШ ва ИДМ мебошад.Ӯ бовар дорад, ки ин имкон медиҳад мубодилаи таҷриба ва тақвияти чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо экстремизм имконпазир гардад.Форуми чоруми мубориза бо терроризм дар шаҳри Мински Беларус, давом дорад.Дар доираи он Конфронси ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии СҲШ ва машқҳои муштараки зиддитеррористӣ баргузор гардид.Дар ин форум беш аз 300 намоянда аз 18 кишвари узви ИДМ, аъзои СҲШ ва шарикони муколамаи СҲШ, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва СҲШ, СММ, Интерпол, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
https://sputnik.tj/20260914/dabir-kull-saad-hadaf-memori-nav-amniyat-ejod-1080406533.html
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/08/1081038310_97:399:847:962_1920x0_80_0_0_f898ba1158ddab0100e14fd87eca6af1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, амният ва мудофиа, минск, дар тоҷикистон, экстремизм
саад, амният ва мудофиа, минск, дар тоҷикистон, экстремизм
Умарзода паҳншавии экстремизмро таҳдид ба амнияти кишварҳои СААД хонд
Барои муқовимат бо паҳншавии экстремизм, СААД механизми муассиреро таъсис додааст, ки чораҳои амалиётӣ, пешгирикунанда, ҳуқуқӣ ва иттилоотиро муттаҳид мекунад
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Паҳншавии идеологияи экстремистӣ дар кишварҳои узви СААД аз таҳдидҳои муҳимтарин барои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ боқӣ мемонад.
Чунин андешаро роҳбари Департаменти мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои Котиботи СААД Умарзода Умар иброз дошт.
Ӯ зимни баромад дар Форуми чоруми мубориза бо терроризм, мавзуъи "Паҳншавии идеологияи экстремистӣ дар кишварҳои узви СААД"-ро матраҳ кард, хабар медиҳад, дафтари матбуотии котибот.
Ӯ гуфт, барои муқовимат ба он, СААД механизми муассиреро таъсис додааст, ки чораҳои амалиётӣ, пешгирикунанда, ҳуқуқӣ ва иттилоотиро муттаҳид мекунад.
"Ин созмон амалиётҳои доимиро бо номи "Зархарид", "Ғайриқонунӣ" ва "Прокси" амалӣ мекунад, ки самаранокии баланд нишон додаанд", - гуфт ӯ.
Умарзода, қайд кард, ки мубориза бо экстремизм на танҳо чораҳои маҷбурӣ, балки пешгирии системавиро низ дар бар мегирад: ин тарбияи ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ, таблиғоти ҷавонон, тақвияти муқовимат ба таблиғоти харобиовар, рушди саводнокии ВАО ва дастгирии арзишҳои анъанавии маънавӣ ва ахлоқӣ мубошад.
Ба гуфтаи сухангӯ, бо назардошти хусусияти фаромиллии экстремизм, СААД ҷонибдори амалҳои ҳамоҳангшуда ҳам дар дохили Созмон ва ҳам дар формати васеи байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар якҷоягӣ бо СММ, СҲШ ва ИДМ мебошад.
Ӯ бовар дорад, ки ин имкон медиҳад мубодилаи таҷриба ва тақвияти чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо экстремизм имконпазир гардад.
Форуми чоруми мубориза бо терроризм дар шаҳри Мински Беларус, давом дорад.
Дар доираи он Конфронси ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии СҲШ ва машқҳои муштараки зиддитеррористӣ баргузор гардид.
Дар ин форум беш аз 300 намоянда аз 18 кишвари узви ИДМ, аъзои СҲШ ва шарикони муколамаи СҲШ, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва СҲШ, СММ, Интерпол, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.