Дабири кулл: СААД ҳадаф дорад, ки меъмории нави амниятиро эҷод кунад

© Foto / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкГенсек ОДКБ Таалатбек Масадыков.
Генсек ОДКБ Таалатбек Масадыков. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Обуна шудан
СААД ғояи муколамаро барои таъмини амнияти авруосиёӣ пеш мебарад, мегӯяд дабири кулли созмон
ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ғояи муколамаи сиёсиро, ки ба бунёди меъмории нави амнияти авруосиёӣ дар асоси эътимод ва эҳтиром ба манфиатҳои кишварҳои минтақа нигаронида шудааст, пеш мебарад.
Ин нуктаро Дабири кулли созмон Таалатбек Масадиков баён дошт.
"Дар сатҳи минтақавӣ, СААД ғояи муколамаи густурдаи сиёсиро, ки ҳадафаш эҷоди меъмории нави амнияти авруосиёӣ дар асоси эътимоди мутақобила ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад, тарғиб мекунад",- гуфт Масадиқов ба нашрияи "Известия".
Ба гуфтаи ӯ, СААД дар ин самт имкониятҳои бузургро мебинад — ҳам дар робита бо Узбекистон, ки узвияти худро дар созмон соли 2012 боздошта буд, ва ҳам бо бисёр кишварҳо ва иттиҳодияҳои дигари минтақа.
Қайд карда мешавад, ки СААД аз соли 2018 инҷониб механизмҳои шарикиро барои кишварҳои ғайрипаймонӣ (ки узви созмон нестанд) ҷорӣ кардааст.
Мақоми нозир ҳуқуқи иштирок дар ҷаласаҳо ва шиносоӣ бо фаъолиятҳоро бидуни уҳдадории иштирок дар амалиётҳои муштарак медиҳад, дар ҳоле ки мақоми шарикӣ иштирок дар чорабиниҳои амалиро дар бар мегирад.
Генеральный секретарь ОДКБ Таалатбек Масадыков на участке таджикско-афганской границы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВУХ Русия: Марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таваҷҷӯҳи махсуси СААД ва СҲШ ниёз дорад
Масадиқов изҳор дошт, ки гарчанде Тошканд айни замон ҳеҷ яке аз ин мақомҳоро надорад, онҳо метавонанд дар оянда истифода шаванд.
Бешубҳа, заминаи ҳуқуқии марбут ба мақоми шарикӣ ва нозирро метавон барои татбиқи талошҳои муштарак истифода бурд" ва таъкид кард, ки намояндагони мақомоти амниятии Узбекистон аллакай ҳамчун нозир ба машқҳои СААД даъват мешаванд, гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0