https://sputnik.tj/20261008/niagronii-rahmon-afzoishi-qochoqi-mavodi-mukhaddir-afghoniston-1081043132.html
Ниагронии Раҳмон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон
Ниагронии Раҳмон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишварро танишҳои шадиди марбут ба қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон нигарон кардааст
2026-10-08T13:34+0500
2026-10-08T13:34+0500
2026-10-08T13:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қочоқи маводи мухаддир
афғонистон
туркманистон
сиёсат
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080461506_0:47:2048:1200_1920x0_80_0_0_682e40f5bd1dd5928cbc1fe452c9610d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон дар ҷаласаи аввали сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон зимни суханрониаш аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя Афғонистон таъкид кард."Вазъият дар Афғонистон таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад. Танишҳои шадиди марбут ба қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ, коҳиш намеёбанд. Баръакс, онҳо афзоиш меёбанд. Ҳамаи ин таҳияи чораҳои ҳамоҳангшударо барои муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тақозо мекунад", - гуфт Раҳмон.Дар ин замина, Раҳмон зарурати баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳои дахлдорро дар шароити таҳдиди афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм таъкид кард.Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз хатарҳои асосии амниятӣ дар минтақа боқӣ мемонад ва мақомоти тоҷик аз афзоиши ин мушкил пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон таъкид мекунанд.Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз хатарҳои асосии амниятӣ дар минтақа боқӣ мемонад ва мақомоти тоҷик аз афзоиши ин мушкил пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон хабар додаанд.Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводди нашъаовари, дар ин давра дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 17 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятӣ ва қочоқчиён ба қайд гирифта шудааст.Мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста нигаронии худро аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва фаъолшавии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар қаламрави Афғонистон изҳор мекунанд.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе дар Минтақаи сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон дар соҳили баҳри Хазар баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20260714/qochoqi-mavodi-mukhaddir-miqdor-kashfu-musodira-1078978839.html
афғонистон
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080461506_217:43:1786:1220_1920x0_80_0_0_0234974ca6d9f70f51e91d4c8110fd01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, қочоқи маводи мухаддир, афғонистон, туркманистон, сиёсат , амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, қочоқи маводи мухаддир, афғонистон, туркманистон, сиёсат , амният ва мудофиа
Ниагронии Раҳмон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон
Раисҷумҳури кишварро танишҳои шадиди марбут ба қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон дар ҷаласаи аввали сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон зимни суханрониаш аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя Афғонистон таъкид кард.
"Вазъият дар Афғонистон таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад. Танишҳои шадиди марбут ба қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ, коҳиш намеёбанд. Баръакс, онҳо афзоиш меёбанд. Ҳамаи ин таҳияи чораҳои ҳамоҳангшударо барои муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тақозо мекунад", - гуфт Раҳмон.
Дар ин замина, Раҳмон зарурати баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳои дахлдорро дар шароити таҳдиди афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм таъкид кард.
Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз хатарҳои асосии амниятӣ дар минтақа боқӣ мемонад ва мақомоти тоҷик аз афзоиши ин мушкил пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон таъкид мекунанд.
Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз хатарҳои асосии амниятӣ дар минтақа боқӣ мемонад ва мақомоти тоҷик аз афзоиши ин мушкил пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон хабар додаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводди нашъаовари, дар ин давра дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 17 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятӣ ва қочоқчиён ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста нигаронии худро аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва фаъолшавии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар қаламрави Афғонистон изҳор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе дар Минтақаи сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон дар соҳили баҳри Хазар баргузор мешавад.