Қочоқи маводи мухаддир: кадом ниҳод чӣ миқдор кашфу мусодира кард?

© AP / UncreditedПакеты с наркотиками
Пакеты с наркотиками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ, бештарин миқдори маводи мухаддири қочоқиро кашфу мусодира кардааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Қисмати аъзами ин мавод дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тавқиф шудааст.
Зафар Самад, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки тамоми ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишвар дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир саҳми худро ифо кардаанд.
“Бо таваҷҷуҳ ба шароит ва маҳдудаи ҷуғрофиёии фаъолияти ҳар ниҳод, ҳаҷм ва миқдори маводи мухаддире, ки кашфу мусодира шудааст, мутафовит аст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як тону 475 килограм (дар соли 2025: як тону 459 килограм), Вазорати умури дохилӣ як тону 263 килограм (як тону 176 килограм), Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 223 килограм (284 килограм), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод 32 грам (3 килограм) ва Хадамоти гумрук як килограму 670 грам (83 килограм) маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.
Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон гуфт, ки ҳар сол миқдори қобили таваҷҷуҳе аз маводи мухаддир дар имтидоди марзи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон кашфу мусодира мешавад.
“Дар маҷмӯъ, маводи мухаддире, ки тариқи Тоҷикистон қочоқ мешавад, аз қаламрави Афғонистон интиқол меёбад”, - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар нимаи нахусти соли 2026 дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон як тону 513 килограм маводи мухаддир (дар соли 2025: як тону 692 килограм) кашфу мусодира шудааст, ки аз ин миқдор, як тону 301 килограм дар бахши марзии вилояти Хатлон ва 211 килограм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавқиф шудааст.
Наркотики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
“Духтарони ноболиғ”: шумори муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Дар имтидоди марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни неруҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ҳафт мавриди даргирии мусаллаҳона рух додааст, ки дар пайи он 17 шаҳрванди Афғонистон кушта шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар шашмоҳаи нахусти соли 2026 дар Тоҷикистон 2 тону 963 килограм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ кашфу мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025 (3 тону 107 килограм), 143 килограм ё 5 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Дар ҳамин муддат, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон 11 ҳазору 731 ҷиноят (дар соли 2025: 13 ҳазору 089 маврид)-ро сабт кардаанд, ки аз ин миён 592 (дар соли 2025: 534) ҷиноят марбут ба ҷароими вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир будааст.
Ин рақам 5 дарсади кулли ҷиноёти сабтшударо ташкил медиҳад ва нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 58 парванда ё 11 дарсад афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0