https://sputnik.tj/20261008/imzoi-sozishnoma-hamkori-rohi-ohani-tojikiston-koreya-1081029684.html
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Корея ният доранд, ҳамкориро дар бахши роҳи оҳан густариш диҳанд
2026-10-08T10:41+0500
2026-10-08T10:41+0500
2026-10-08T10:53+0500
дар тоҷикистон
корея
ҳамкорӣ
нақлиёт
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора вазорати нақлиёти кишвар дар истинод ба КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки тибқи санади мазкур идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд.Инчунин дар Сеул мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Мирзоалӣ Комил бо роҳбари Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Ким Тхе Син баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисонро баррасӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки 15 сентябри соли 2026 Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Корея бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардид, иштирок намуд.Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Сеул бо намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори генералӣ оид ба маблағгузории рушд Юнҷин Кан мулоқот анҷом дод.Дар мулоқот рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад баррасӣ шуд.Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея як қатор лоиҳаҳо ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллар, аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён" то сарҳади Афғонистон, рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва рушди минбаъдаи метрополитен дар шаҳри Душанбе амалӣ шуда мешавад.Мақомоти кишвар таъкид намудааст, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки лоиҳаҳои мазкур аз марҳилаи таҳия ва омодасозӣ ба марҳилаи амалисозии воқеӣ гузаранд.
https://sputnik.tj/20220305/muhriddin-gustarish-robitaho-tojikiston-koreya-1046571658.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, нақлиёт, роҳи оҳан
дар тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, нақлиёт, роҳи оҳан
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея
10:41 08.10.2026 (Навсозишуда: 10:53 08.10.2026) Тоҷикистон ва Корея ният доранд, ҳамкориро дар бахши роҳи оҳан густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора вазорати нақлиёти кишвар дар истинод ба КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки тибқи санади мазкур идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд.
Инчунин дар Сеул мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Мирзоалӣ Комил бо роҳбари Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Ким Тхе Син баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисонро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябри соли 2026 Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Корея бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардид, иштирок намуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Сеул бо намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори генералӣ оид ба маблағгузории рушд Юнҷин Кан мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад баррасӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея як қатор лоиҳаҳо ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллар, аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён" то сарҳади Афғонистон, рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва рушди минбаъдаи метрополитен дар шаҳри Душанбе амалӣ шуда мешавад.
Мақомоти кишвар таъкид намудааст, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки лоиҳаҳои мазкур аз марҳилаи таҳия ва омодасозӣ ба марҳилаи амалисозии воқеӣ гузаранд.