https://sputnik.tj/20220305/muhriddin-gustarish-robitaho-tojikiston-koreya-1046571658.html
Муҳриддин аз густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Корея гуфт
Муҳриддин аз густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Корея гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт
2022-03-05T22:35+0500
2022-03-05T22:35+0500
2022-03-09T20:48+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
корея
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_315cd72ada3dad7ee6a61b7f8931dd32.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар Душанбе аз таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея гуфта шуд. Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбари ин ниҳод бо раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти Корея вохӯрӣ кард.Манбаъ меафзояд, Сироҷиддин Муҳриддин бо Пак Чон Суро рӯзи 5 март дар дафтари вазорати мазкур мулоқот намуданд.Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт.Вазоратиумури хориҷӣ таъкид намуд, ки ҷонибҳо алоқамандии худро барои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, аҳаммияти идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.Ёдовар мешавем, қаблан Пак Чон суро бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода мулоқот кард ва ҷонибҳо суботи молиро ба миён гузоштанд.Намояндаи Корея дар ин вохӯрӣ изҳор дошт, ки бо кушодани сафорати он кишвар дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкорӣ фароҳам оварда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220305/hamkori-tojikiston-koreya-nizom-bonki-1046558229.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d4231890daa7321d6d91831bdf070238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон корея ҳамкорӣ
Муҳриддин аз густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Корея гуфт
22:35 05.03.2022 (Навсозишуда: 20:48 09.03.2022) Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар Душанбе аз таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея гуфта шуд.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбари ин ниҳод бо раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти Корея вохӯрӣ кард.
Манбаъ меафзояд, Сироҷиддин Муҳриддин бо Пак Чон Суро рӯзи 5 март дар дафтари вазорати мазкур мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея табодули назар сурат гирифт.
Вазоратиумури хориҷӣ таъкид намуд, ки ҷонибҳо алоқамандии худро барои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, аҳаммияти идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, қаблан Пак Чон суро бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода мулоқот кард ва ҷонибҳо суботи молиро ба миён гузоштанд.
Намояндаи Корея дар ин вохӯрӣ изҳор дошт, ки бо кушодани сафорати он кишвар дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкорӣ фароҳам оварда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.