Вазорати дифоъ гуфт машқҳои муштарак бо Русия барои низомиёни Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад

© Foto / Министерство обороны Республики БеларусьПодготовка к учениям "Нерушимое братство-2025" и "Барьер-2025" в Таджикистане.
Подготовка к учениям Нерушимое братство-2025 и Барьер-2025 в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки машқҳои муштарак бо Русия барои мубодилаи дониш ва таҷрибаи касбӣ миёни низомиёни ду кишвар аҳамияти муҳим дорад
‎‎ ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Машқҳои муштараки тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия, бо иштироки воҳидҳои Қӯшунҳои зудамали кишвар ва пойгоҳи низомии 201 дар тамрингоҳи кӯҳии "Лоҳур"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расиданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз вазорати дифои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти машқҳои мазкур масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва ҳайати фармондеҳии пойгоҳи ҳарбии 201 -уми Русия иштирок ва рафти машқҳоро назорат карданд.
Дар машқҳои навбатӣ низомиёни ҳарбии ду кишвар бо истифода аз техникаҳои вазнини ҷангӣ ва мошинҳои махсуси низомӣ вазифаҳои тактикии гуногун, аз ҷумла идоракунии ҷузъу томҳо ҳангоми пайдо шудани гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст дар маҳалли аҳолинишин, ҳамла ба мавқеъҳои шартии душман, зада баргардонидани аксуламали ӯ ва ишғолу супоридани мавқеъҳои ҷангиро иҷро намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар яке аз марҳилаҳои машқҳо ҷузъу томҳои низомӣ амалиёти худро дар маҳалли шартии аҳолинишин ба роҳ монданд, ки дар воқеъ иҷрои чунин вазифаҳо аз ҳайати шахсӣ маҳорати баланди ҷангӣ, ҳамоҳангии дастаҷамъӣ ва қабули саривақтии қарорҳои дурустро талаб мекунад.
“Дар ҷараёни машқ низомиёни тоҷик бо истифода аз техникаҳои вазнини ҷангӣ ва мошинҳои махсуси низомӣ вазифаҳои таълимиву ҷангии худро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Идора намудани техника дар шароити душвори маҳал, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо ва иҷрои супоришҳо аз омодагии ҷиддии ҳайати шахсӣ дарак медод”, - қайд кардааст .
Учения ОДКБ Рубеж-2026. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Тоҷикистон дар машқҳои муштараки СААД дар Қазоқистон ширкат мекунад
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки чунин машқҳо барои мубодилаи дониш ва таҷрибаи касбӣ миёни низомиёни ду кишвар аҳамияти муҳим дорад.
“Омӯзиши усулҳои гуногуни идоракунии воҳидҳо, такмили ҳамоҳангӣ ва санҷиши қобилияти амал дар вазъияти мураккаб аз самтҳои муҳими машқҳои муштарак ба ҳисоб мерафт” – таъкид кард вазорат.
Ин ниҳод зикр кард, ки дар тамоми раванди машқҳо диққати махсус ба идоракунии воҳидҳо, ҳаракати ҳамоҳангшудаи техника, иҷрои дақиқи фармонҳо ва риояи талаботи бехатарӣ равона гардид.
Вазорати дифоъ қайд кард, ки баргузории машқҳои муштарак дар тамрингоҳи "Лоҳур" бори дигар нишон дод, ки омодагии ҳарбӣ самти муҳими фаъолият ва раванди хизмати афсарону сарбозон буда, такмили дониш, таҷриба ва малакаи касбӣ барои ҳар як фарди низомӣ заминаи муҳими иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан мебошад.
Лентаи хабарҳо
0