https://sputnik.tj/20260914/tojikiston-mashqho-mushtarak-saad-qazoqiston-shirkat-1080412223.html
Тоҷикистон дар машқҳои муштараки СААД дар Қазоқистон ширкат мекунад
Тоҷикистон дар машқҳои муштараки СААД дар Қазоқистон ширкат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои муштарак, аз ҷумла, тарҳрезӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангиро барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамрин хоҳанд кард
2026-09-14T14:09+0500
2026-09-14T14:09+0500
2026-09-14T14:09+0500
дар тоҷикистон
саад
тамрин
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0e/1080410410_0:102:1280:822_1920x0_80_0_0_90be8af71eec0c70aea913bd4dfcc92f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон дар машқҳои "Рубеж-2026"-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзад. Дар ин бора хадамоти матбуоти созмон хабар дод. Қайд карда мешавад, ки ин чорабиниҳо, ки дар онҳо контингентҳои Русия ва Қирғизистон низ иштирок мекунанд — ба тамрини тарҳрезӣ ва иҷрои амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави яке аз кишварҳои узви СААД равона шудаанд. Хадамоти матбуот таъкид мекунад, ки машқҳо аз 13 то 18 сентябр дар майдони тамринии "Коктал" таҳти фармондеҳии полковник Махсут Гусейнов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳамлаи ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон, баргузор мегарданд. Ҳангоми баргузории чорабиниҳо ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ дар шароити релйефи кӯҳию биёбонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Гузориш дода мешавад, ки контингенти Русия дар машқҳои "Рубеж-2026" асосан аз ҳайати шахсии Пойгоҳи низомии 201-уми гвардиявӣ иборат аст. Шумораи умумии иштирокчиёни машқҳо тақрибан 1500 нафарро ташкил медиҳад; инчунин 300 воҳиди техникаи низомӣ, аз ҷумла 115 ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и таъиноташон гуногун, ҷалб карда мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки вазифаҳои асосии Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ аз дафъи таҷовузи низомии хориҷӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ иборатанд.
https://sputnik.tj/20260914/dabir-kull-saad-hadaf-memori-nav-amniyat-ejod-1080406533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/0e/1080410410_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_cc56f2e6ac239149eac00f27b888fa56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саад, тамрин, амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, саад, тамрин, амният ва мудофиа
Тоҷикистон дар машқҳои муштараки СААД дар Қазоқистон ширкат мекунад
Нерӯҳои муштарак, аз ҷумла, тарҳрезӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангиро барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамрин хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон дар машқҳои "Рубеж-2026"-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти созмон хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки ин чорабиниҳо, ки дар онҳо контингентҳои Русия ва Қирғизистон низ иштирок мекунанд — ба тамрини тарҳрезӣ ва иҷрои амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави яке аз кишварҳои узви СААД равона шудаанд.
Хадамоти матбуот таъкид мекунад, ки машқҳо аз 13 то 18 сентябр дар майдони тамринии "Коктал" таҳти фармондеҳии полковник Махсут Гусейнов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳамлаи ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон, баргузор мегарданд.
Ҳангоми баргузории чорабиниҳо ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ дар шароити релйефи кӯҳию биёбонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
"Машқҳо дар шароити авҷгирии бӯҳрон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва мавҷудияти эҳтимоли доимии низоъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва марбут ба амнияти дастаҷамъии СААД гузаронида мешаванд. Сарони давлатҳои мо барои рушди нерӯҳо ва воситаҳо ҷиҳати муқовимати муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир тамоми чораҳои заруриро меандешанд", — гуфт муовини Дабири кулли СААД дар маросими ифтитоҳ.
Гузориш дода мешавад, ки контингенти Русия дар машқҳои "Рубеж-2026" асосан аз ҳайати шахсии Пойгоҳи низомии 201-уми гвардиявӣ иборат аст.
Шумораи умумии иштирокчиёни машқҳо тақрибан 1500 нафарро ташкил медиҳад; инчунин 300 воҳиди техникаи низомӣ, аз ҷумла 115 ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и таъиноташон гуногун, ҷалб карда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки вазифаҳои асосии Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ аз дафъи таҷовузи низомии хориҷӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ иборатанд.