Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз марзи 1,6 миллиард доллар гузашт

© Sputnik / Михаил ГоленковТерминально-логистический центр.
Терминально-логистический центр. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар 8 моҳи гузаштаи соли равон ба 1,67 миллиард доллар расид, ки ҳудуди 18% аз кули тиҷорати хориҷии ин кишварро ташкил медиҳад
‎‎ ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар давраи январ - августи соли ҷорӣ ба 1, 67 миллиард доллар расид, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ, Қазоқистон ҳамчунон бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва беш аз нисфи тиҷорати ин кишвар бо чаҳор ҳамсояи минтақаро ба худ ихтисос додааст.
Тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистони умдатан бар воридот аз Қазоқистон устувораст; ба тавре, ки дар 8 моҳи нахусти сол, воридоти Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 13 баробарисодироти Тоҷикистон ба Қазоқистон будааст.
Дар муқобил, Узбекистони бузургтарин бозори минтақаӣ барои колоҳои тоҷикӣ ба шумор меравад. Агарчӣ ҳаҷми тиҷорати ду кишвар камтар аз тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, беш аз ду сеюм содироти Тоҷикистон ба чаҳор кишвари ҳамсояи Осиёи марказӣ дар ин муддат ба мақсади Узбекистон анҷом шудааст.
Туркманистон ва Қирғизистон ҳамчунон саҳми маҳдуде дар тиҷорат бо Тоҷикистон доранд, аммо бештарини нархи рушди тиҷорат дар соли 2026 марбут ба ҳамин ду кишвар будааст.
Встреча Эмомали Рахмона с заместителем Председателя Правительства Российской Федерации Маратом Хуснуллиным.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2026
Аз иқтисод то воридоти маҳсулоти нафтӣ: Раҳмону Хуснуллин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Туркманистони 4,4 баробар ва бо Қирғизистони 2,5 баробар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин рушд, ҳаҷми тиҷорат бо ин ду кишвар ҳамчунон фосилаи қобили таваҷҷуҳе бо Қазоқистон ва Узбекистон дорад. Дар тиҷорати Тоҷикистон бо Туркманистон низ тақрибан кули гардиши тиҷорӣ ба воридоти Тоҷикистон ихтисос доштааст.
Яке аз вижагиҳои тиҷорати минтақаи Тоҷикистон, шикофи қобили тавваҷуҳи миён содирот ва воридот аст. Тоҷикистон дар 8 моҳи нахусти соли 2026, тақрибани 6 баробари бештар аз содироти худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ин кишварҳо коло ворид кардааст.
Бахши умдаи ин адами тавозуни марбут ба тиҷорат бо Қазоқистон аст. Дар миёни шуракои аслӣ, тиҷорат бо Узбекистони мутавозинтар аст, ҳарчанд воридоти Тоҷикистон аз ин кишвар ҳамчунон бештар аз содироти он ба Узбекистон буда аст.
Баррасии раванди панҷ соли гузашта нишон медиҳад тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи марказии раванде якнавохт надоштааст.
Пас аз афзоиши тиҷорат дар соли 2022 убури ҳаҷми мубодилот аз 2 миллиард доллар, ин рақам дар соли 2023 коҳиш ёфт. Тайи ду соли баъди тиҷорати дубора афзоиш пайдо кард, аммо дар поёни соли 2025 ҳамчунон андаки поинтар аз сатҳи соли 2022 қарор дошт.
Дар ин муддат, сохтори тиҷорат низ тағироте доштааст. Бештарин афзоиш тайи солҳои 2021 то 2025 марбут ба тиҷорати Тоҷикистон бо Узбекистон буда, ки ҳудуди 60 дарсад рушд кардааст.
Зерно в цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Тоҷикистон хариди ғалларо аз Қазоқистон афзоиш дод
Бояд гуфт, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Қазоқистони тағйири қобил таваҷҷуҳе надошт ва дар соли 2025 тақрибан дар сатҳи соли 2021 қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, Қазоқистон дар тамоми ин панҷ сол ҳамчунон бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиё марказӣ бқдааст.
Бар асос додаҳои Агентии омори Тоҷикистон, ки бар пояи иттилооти гумрукӣ таҳия шудаи маҷмӯи тиҷорати хориҷии ин кишвар дар январ то августи соли 2026 ба 9,23 миллиард доллар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0