https://sputnik.tj/20261001/iqtisod-voridoti-mahsuloti-nafti-rahmonu-khusnulin-dushanbe-1080857654.html
Аз иқтисод то воридоти маҳсулоти нафтӣ: Раҳмону Хуснуллин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Аз иқтисод то воридоти маҳсулоти нафтӣ: Раҳмону Хуснуллин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини раиси ҳукумати Русия ба масъалаҳои мубрами Тоҷикистону Русия табодули андеша намуданд
2026-10-01T13:09+0500
2026-10-01T13:09+0500
2026-10-01T13:49+0500
дар тоҷикистон
нафт
сӯзишворӣ
русия
хуснуллин
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/01/1080856070_227:51:1991:1043_1920x0_80_0_0_92d5cbb9916c1bca891930110043a2f5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо муовини раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллин дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид доштааст, ки Душанбе ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорад.Раҳбари Тоҷикистон нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим донист.Ҳамчунин ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Ҳамзамон Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Марат Хуснуллин, масоили таҳкими робитаҳо дар самтҳои нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ намуд.Ҳамчунин тарафҳо ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша намуданд.
https://sputnik.tj/20260925/avvalin-qatorahoi-naft-eron-voridi-tojikiston-1080698137.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/01/1080856070_266:14:2048:1351_1920x0_80_0_0_e260a137f717c5ac14bca892d19dead1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, русия, хуснуллин, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, сиёсат
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, русия, хуснуллин, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, сиёсат
Аз иқтисод то воридоти маҳсулоти нафтӣ: Раҳмону Хуснуллин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
13:09 01.10.2026 (Навсозишуда: 13:49 01.10.2026) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини раиси ҳукумати Русия ба масъалаҳои мубрами Тоҷикистону Русия табодули андеша намуданд
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо муовини раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллин дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид доштааст, ки Душанбе ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорад.
Раҳбари Тоҷикистон нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим донист.
Ҳамчунин ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамзамон Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Марат Хуснуллин, масоили таҳкими робитаҳо дар самтҳои нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ намуд.
Ҳамчунин тарафҳо ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша намуданд.