https://sputnik.tj/20261005/rusiya-barnomai-spad-intiqoli-lavozimoti-nizomiro-tojikiston-1080967797.html
Русия дар доираи барномаи СПАД интиқоли лавозимоти низомиро ба Тоҷикистон оғоз кард
Русия дар доираи барномаи СПАД интиқоли лавозимоти низомиро ба Тоҷикистон оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Хадамоти марзбонии Тоҷикистон таҷҳиҳизоти техникӣ, техникаи низомӣ ва силоҳ медиҳад
2026-10-05T19:36+0500
2026-10-05T19:36+0500
2026-10-05T19:36+0500
дар тоҷикистон
марз
афғонистон
спад
русия
аслиҳа
интиқол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072253997_0:48:1200:723_1920x0_80_0_0_403d8ac0adc997a351e7f39707b0bfbe.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Маскав вазъи амниятиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон назорат дорад.Дар ин бора Александр Стерник, директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст.Ғайр аз ин, дипломат қайд кард, ки Русия ба Тоҷикистон дар тақвияти амнияти марзҳои ҷанубии худ кумак мекунад.Ба гуфтаи вай, лавозимоти дахлдор тавассути мақомоти амниятии Русия дар доираи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар бораи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.Ин таҷҳизоти техникӣ, техникаи низомӣ ва силоҳ ба Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дода мешавад."Таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи доимии мост", - гуфт Стерник.Дар соли 2024, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барномаи мақсадноки байнидавлатиро барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ кард.Ин барнома барои панҷ сол тарҳрезӣ шудааст ва маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки ба тақвияти назорати марз, навсозии инфрасохтор ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири амниятӣ нигаронида шудаанд.Марҳилаи аввал соли 2025, пас аз анҷоми корҳои назаррас дар самти таъмини силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ оғоз ёфт.Дар охири соли 2025, СПАД ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард ва таъминоти эҳтимолӣ аз Русия, Беларус ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд.Интизор меравад, ки аввалин интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тирамоҳи соли 2026 сурат мегирифт.
https://sputnik.tj/20241210/tojikiston-barnomai-spad-tahkimi-marz-afghoniston-intizoriho-1065444436.html
афғонистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072253997_82:0:1145:797_1920x0_80_0_0_71ea66c00a9f8a344d7763e42cdb3f90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, спад, русия, аслиҳа, интиқол
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, спад, русия, аслиҳа, интиқол
Русия дар доираи барномаи СПАД интиқоли лавозимоти низомиро ба Тоҷикистон оғоз кард
Русия ба Хадамоти марзбонии Тоҷикистон таҷҳиҳизоти техникӣ, техникаи низомӣ ва силоҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Маскав вазъи амниятиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон назорат дорад.
Дар ин бора Александр Стерник, директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст.
Ғайр аз ин, дипломат қайд кард, ки Русия ба Тоҷикистон дар тақвияти амнияти марзҳои ҷанубии худ кумак мекунад.
Ба гуфтаи вай, лавозимоти дахлдор тавассути мақомоти амниятии Русия дар доираи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар бораи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Ин таҷҳизоти техникӣ, техникаи низомӣ ва силоҳ ба Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дода мешавад.
"Таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи доимии мост", - гуфт Стерник.
Дар соли 2024, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барномаи мақсадноки байнидавлатиро барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ кард.
Ин барнома барои панҷ сол тарҳрезӣ шудааст ва маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки ба тақвияти назорати марз, навсозии инфрасохтор ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири амниятӣ нигаронида шудаанд.
Марҳилаи аввал соли 2025, пас аз анҷоми корҳои назаррас дар самти таъмини силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ оғоз ёфт.
Дар охири соли 2025, СПАД ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард ва таъминоти эҳтимолӣ аз Русия, Беларус ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд.
Интизор меравад, ки аввалин интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тирамоҳи соли 2026 сурат мегирифт.