Ангеловский гуфт барои чӣ мунтахаби футболи Тоҷикистон бо рақибони пурқуват бозӣ мекунад

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаГлавный тренер национальной сборной Таджикистана по футболу Игорь Ангеловский.
Главный тренер национальной сборной Таджикистана по футболу Игорь Ангеловский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон мегӯяд, ки бозиҳо бо рақибони пурқувват қисми муҳими омодагӣ ба ҷоми осиё-2027 мебошанд
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пеш аз бозии дӯстона бар зидди яккачини Чин таъкид кард, ки дар ду бозии охир тими Тоҷикистон аз нигоҳи оморӣ ва тактикӣ дар сатҳи рақибонаш қарор дошт.
“Дар бозӣ бо Фаластин мо ба натиҷаи мусбат наздик будем, аммо корти сурхи беасос сохтори баромади моро комилан вайрон кард. Бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд мубориза бурданд, вале нисбати мо беадолатона қарор қабул шуд”, - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки рақобатҳо бо Озарбойҷон ва Фаластин имконияти хубе буданд, то ба ҳамаи футболбозони даъватшуда вақти бозӣ дода шавад.
“Барои ман муҳим буд, ки имкониятҳои ҳар як бозигарро дар бозиҳои мураккаби байналмилалӣ ба таври дақиқ маълум кунам ва барои даста захираи воқеии бозигаронро ба вуҷуд оварам”, - қайд кард сармураббии дастаи мунтахаби футболи кишвар.
Вай илова кард, ки ҳоло даста ба омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 тамаркуз кардааст, на ба таблиғи натиҷаи зоҳирӣ.
Кубок Азии по футболу 2031 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Вай афзуд, ки ба нақша гирифтани бозиҳо бо рақибони заиф, ба даст овардани ғалабаҳои осон ва пинҳон шудан дар паси омори фиребанда хеле осон мебуд.
“Ин мушкилоти моро ҳал намекунад. Мо қасдан рақибони пурқувватро интихоб кардем, то имкониятҳои воқеии худро бисанҷем ва дастаро ба мусобиқаи сатҳи олӣ омода созем”, - гкфт сармураббии мунтахаб.
Ҳамчун сармураббӣ таъкид кард, масъулияти пурраи натиҷаҳои ин давраи бозиҳои дӯстонаҳоро ба дӯш мегирад.
“Ман аз футболбозонам қатъиян ҳимоят мекунам. Ин даста дорои хислати қавӣ ва фазои хуби дастаҷамъӣ мебошад. Ман медонам, ки онҳо пагоҳ бо сари баланд ба майдон мебароянд ва барои муборизаи воқеӣ омода хоҳанд буд”, – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский.
Лентаи хабарҳо
0