https://sputnik.tj/20261006/rahmon-aholii-kulob-afzud-1080969600.html
Раҳмон: Аҳолии шаҳри Кӯлоб дар 35 сол 1,7 баробар афзуд
Раҳмон: Аҳолии шаҳри Кӯлоб дар 35 сол 1,7 баробар афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки имрӯ аҳолии шаҳри Кӯлоб ба зиёда аз 244 ҳазор нафар расидааст
2026-10-06T10:41+0500
2026-10-06T10:41+0500
2026-10-06T10:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кӯлоб
аҳолӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/05/1080970585_231:242:2047:1264_1920x0_80_0_0_b514d2a0184d56501a98ae705f272e32.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар анҷомгардида ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ аҳолии шаҳри Кӯлоб аз 142 ҳазор нафари соли 1991 ба зиёда аз 244 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2026 расидааст.Раҳбари кишвар зимни сузанрониаш ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб қайд кард, ки аҳолии шаҳр дар 35 сол 1,7 баробар афзудааст.Ҳамчунин вай афзуд, ки дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд.Ҳамчунин, ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.“Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.Раҳбари Тоҷикистон дар суханронии худ аз сокинон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштанд, миннатдори баён кард.Вай гуфт, рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дорад ва чунин дастгириҳо дар доираи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд.
https://sputnik.tj/20260727/kulob-chand-nafar-beshtar-asr-zindagi-1079258267.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/05/1080970585_348:122:2006:1365_1920x0_80_0_0_664cbf08e3efe8023b07bee07526d612.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кӯлоб, аҳолӣ, омор
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кӯлоб, аҳолӣ, омор
Раҳмон: Аҳолии шаҳри Кӯлоб дар 35 сол 1,7 баробар афзуд
Раисҷҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки имрӯ аҳолии шаҳри Кӯлоб ба зиёда аз 244 ҳазор нафар расидааст
ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар анҷомгардида ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ аҳолии шаҳри Кӯлоб аз 142 ҳазор нафари соли 1991 ба зиёда аз 244 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2026 расидааст.
Раҳбари кишвар зимни сузанрониаш ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб қайд кард, ки аҳолии шаҳр дар 35 сол 1,7 баробар афзудааст.
Ҳамчунин вай афзуд, ки дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд.
“Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамчунин, ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
“Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон дар суханронии худ аз сокинон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштанд, миннатдори баён кард.
Вай гуфт, рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дорад ва чунин дастгириҳо дар доираи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд.