Маълум шуд, ки дар Кӯлоб чанд нафар бештар аз як аср зиндагӣ доранд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкТаджикский пенсионер, архивное фото
Таджикский пенсионер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти шаҳри Кӯлоб шумораи нафақагироне, ки синнашон аз 100 бост дар шаҳр 38 нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Ба иттилои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб шумораи умумии 127 552 нафар нафақагирон ба сар мебаранд.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумат барои нафақаи онҳо моҳона 70,8 млн сомонӣ пардохт мекунад.
Нафақаҳои таъингардидаи дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" 36370 нафар нафақаҳои меҳнатӣ ва 8027 нафар нафақаҳои иҷтимоӣ буда, нафақаҳои таъингардидаи дар асоси меъёрҳои Қонуни ҶТоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" шумораи 58788 нафар нафақаҳои суғуртавӣ ва 24152 нафар нафақаҳои давлатиро ташкил медиҳанд.
Мақомот қайд кардааст, ки шумораи нафақагирони аз 100 сола боло бошад 38 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ дар минтақа айни замон 117 нафар нафақагирони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати кишвар, 1 нафар маъюби ҶБВ, 5 нафар нафақахӯрони ақибгоҳи ҶБВ, 223 нафар ятими кул, 12634 нимятимон нафақа гирифта истодаанд.
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Коҳиши теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон
Ин ҳам дар ҳолест, ки нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳаҷми 353,7 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 364,1 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда 10,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон, нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоии инфиродӣ (1 ва 2 фоиз) низ барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 18,5 млн сомонӣ ба буҷет 19,6 млн сомонӣ ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0