https://sputnik.tj/20261003/rahmon-ustodon-omuzgoron-oyanda-davlatu-millat-maktabu-maorif-1080915707.html
Раҳмон: Устодону омӯзгорон бояд донанд ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад
Раҳмон: Устодону омӯзгорон бояд донанд ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шудааст
2026-10-03T17:51+0500
2026-10-03T17:51+0500
2026-10-03T17:51+0500
дар тоҷикистон
омӯзгор
маориф
эмомалӣ раҳмон
паёми табрик
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047725472_0:44:2049:1196_1920x0_80_0_0_ac6f074ee319f256a06a285ea4526596.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон, собиқадорон ва кулли кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон табрик гуфт.Кишвардори Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш гуфт, ки омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд.Раҳмон таъкид кард, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таъмин намудани рушди илму маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наслҳои наврас ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда шуд.Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шудаааст.Раҳбари кишвар афзуд, дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо рисолати омӯзгор боз ҳам муҳимму масъулиятнок мегардад.Вай гуфт, онҳо бояд наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани технологияҳои замонавӣ, фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳидоят карда, дар баробари ин, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва заҳматдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки устодону омӯзгорон бояд серталабу сахтгир ва масъулиятшинос бошанд ва хусусан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ муносибати ҷиддӣ намоянд.“Устодону омӯзгорони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад ва пояи фардои ободу пешрафтаи Тоҷикистонро омӯзгорони имрӯза бо донишу маърифат ва заҳмати содиқонаи худ мегузоранд”, - гуфт ӯ.Раисҷумҳур қайд кард, ки Тоҷикистон ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордидаву корозмуда ва талошу ташаббусҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорад.
https://sputnik.tj/20251022/maosh-tojikiston-qonuni-omuzgor-1072337218.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047725472_32:0:1849:1363_1920x0_80_0_0_aaa6deeb244aa9d8cce2c3fbd8771035.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, омӯзгор, маориф, эмомалӣ раҳмон, паёми табрик, табрикот
дар тоҷикистон, омӯзгор, маориф, эмомалӣ раҳмон, паёми табрик, табрикот
Раҳмон: Устодону омӯзгорон бояд донанд ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шудааст
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон, собиқадорон ва кулли кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон табрик гуфт.
“Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти касбиатон барору комёбӣ орзу менамоям2, гуфт Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш гуфт, ки омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд.
Раҳмон таъкид кард, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таъмин намудани рушди илму маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наслҳои наврас ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда шуд.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шудаааст.
“Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа ва дастгирии омӯзгорон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд. Мо ин равандро минбаъд низ идома мебахшем”, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари кишвар афзуд, дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо рисолати омӯзгор боз ҳам муҳимму масъулиятнок мегардад.
Вай гуфт, онҳо бояд наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани технологияҳои замонавӣ, фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳидоят карда, дар баробари ин, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва заҳматдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки устодону омӯзгорон бояд серталабу сахтгир ва масъулиятшинос бошанд ва хусусан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ муносибати ҷиддӣ намоянд.
“Устодону омӯзгорони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад ва пояи фардои ободу пешрафтаи Тоҷикистонро омӯзгорони имрӯза бо донишу маърифат ва заҳмати содиқонаи худ мегузоранд”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур қайд кард, ки Тоҷикистон ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордидаву корозмуда ва талошу ташаббусҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорад.