https://sputnik.tj/20261005/tabrikoti-maqomoti-balandpoyai-rusiya-rahmon-tamanno-1080960775.html
Табрикоти мақомоти баландпояи Русия ба Раҳмон: ба раҳбари Тоҷикистон чӣ таманно карданд?
Табрикоти мақомоти баландпояи Русия ба Раҳмон: ба раҳбари Тоҷикистон чӣ таманно карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия, раиси Шӯрои федератсия ва раиси Думаи далвтӣ ба раисҷумҳури кишвар саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияташ дастовардҳои нав орзу намуданд
2026-10-05T16:43+0500
2026-10-05T16:43+0500
2026-10-05T16:43+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон
равобит
зодрӯз
валентина матвиенко
вячеслав володин
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072928679_19:236:1802:1239_1920x0_80_0_0_50b469a7bffe6f009a457292ca1a3598.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт - Sputnik. Роҳбарияти воломақоми Русия аз президент то сарвазир, раисони Дума ва Шӯрои Федератсияи ин кишвар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик гуфтанд.Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард.Тарафҳо ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар карданд.Раҳбари Тоҷикистон бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид кард ва изҳор итминон намуд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар як паёми табрикотӣ аъкид кардааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.Сарвазири Русия қайд кардааст, ки барои иҷрои қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию технологӣ, инчунин, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, маориф, илм, фарҳанг ва дигар самтҳо кори мунтазам бурда мешавад.Ҳамзамон сарвазири Русия тақвияти ҳамкориҳоро дар сатҳи ҳукуматҳо бо мақсади рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба муҳим донист.Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Валодин бошад дар паёми табрикотии худ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши иқтисоди он ҳама корро анҷом дода, ба эътирофи мардум ва обрӯ дар арсаи байналмилалӣ ноил гардидаед.“Саҳми Шумо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои ба ҳам дӯсти мо шоёни эҳтироми амиқ мебошад”, - афзудааст Володин.
https://sputnik.tj/20261005/putin-rahmon-74-umin-solgard-zodruzash-shodbosh-1080953942.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072928679_57:0:1877:1365_1920x0_80_0_0_1d23af86ad8f5f203a3af04b466b1e13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, равобит, зодрӯз, валентина матвиенко, вячеслав володин, михаил мишустин
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, равобит, зодрӯз, валентина матвиенко, вячеслав володин, михаил мишустин
Табрикоти мақомоти баландпояи Русия ба Раҳмон: ба раҳбари Тоҷикистон чӣ таманно карданд?
Сарвазири Русия, раиси Шӯрои федератсия ва раиси Думаи далвтӣ ба раисҷумҳури кишвар саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияташ дастовардҳои нав орзу намуданд
ДУШАНБЕ, 5 окт - Sputnik. Роҳбарияти воломақоми Русия аз президент то сарвазир, раисони Дума ва Шӯрои Федератсияи ин кишвар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик гуфтанд.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард.
Тарафҳо ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар карданд.
Раҳбари Тоҷикистон бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид кард ва изҳор итминон намуд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар як паёми табрикотӣ аъкид кардааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.
“Мехоҳам саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, ки бар асоси усулҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба ҳам мепайвандан, махсусан қайд намоям”, - таъкид кардаас Михаил Мишустин.
Сарвазири Русия қайд кардааст, ки барои иҷрои қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию технологӣ, инчунин, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, маориф, илм, фарҳанг ва дигар самтҳо кори мунтазам бурда мешавад.
Ҳамзамон сарвазири Русия тақвияти ҳамкориҳоро дар сатҳи ҳукуматҳо бо мақсади рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба муҳим донист.
“Итминони комил дорам, ки ин ба манфиатҳои дарозмуддати Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ҷавобгӯ аст”.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Валодин бошад дар паёми табрикотии худ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши иқтисоди он ҳама корро анҷом дода, ба эътирофи мардум ва обрӯ дар арсаи байналмилалӣ ноил гардидаед.
“Саҳми Шумо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои ба ҳам дӯсти мо шоёни эҳтироми амиқ мебошад”, - афзудааст Володин.