Тоҷикистон гуфт аз барномаи СПАД дар бораи таҳкими марз бо Афғонистон чӣ интизориҳо дорад

© Sputnik / Сергей Карпухин / POOL / Гузариш ба медиабонкМахмадтоир Закирзода на встрече с председателями парламентов государств – членов ОДКБ
Махмадтоир Закирзода на встрече с председателями парламентов государств – членов ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2024
Обуна шудан
Раиси парлумони Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки Душанбе интизор дорад барномаи СПАД дар бораи таҳкими марз бо Афғонистон муборизаро пурзур хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тоҷикистон интизор дорад, имкони муқобила бо таҳдидҳо аз самти ҷануб бо роҳандозии барномаи СПАД дар бораи таҳкими марзи кишвар бо Афғонистон, ки моҳи ноябр тасвиб шуда буд, афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора Маҳмадтоир Зокирзода, раиси парлумони Тоҷикистон изҳор дошт.
"Мо интизорем, ки татбиқи амалии ин барнома аз ҳар ҷиҳат ба афзоиши иқтидори муборизаи муштараки мо ба таҳдидҳои амниятӣ, ки аз ин самт бармеояд, мусоидат хоҳад кард" гуфт вай дар ҷаласаи муштараки Шӯро ва 17-уми пленум ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Маскав.
Зокирзода қайд кард, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ дар сафи пеш қарор дорад.
"Дар ин замина мо вазъи кунунии Афғонистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем", - идома дод ӯ.
Ба гуфтаи раиси парлумон, дар қаламрави кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар манотиқи шимолу шарқӣ, ки бо марзҳои ҷанубии СПАД ҳаммарз аст, аз ҷумла “Давлати Исломии Хуросон”*, “Ҳизб-ут-таҳрир”* ва “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”* ва ҷангҷӯёни созмонҳои гуногуни террористӣ, харакати "Теҳрики-Толибони Покистон” ва гайра амал мекунанд.
Учения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
СПАД ба иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ мекунад
Барномаи байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки иҷрои он барои 5 сол пешбинӣ шудааст, рӯзи 28 ноябр дар нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар Остона имзо шуд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тасвиби онро “қарори муҳим” номид, ки ҳадафаш таҳкими марзҳои ҷанубии СПАД аст.
Дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов қаблан дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дода буд, ки ин барнома тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисми ҷанубии минтақаи масъулияти ин паймон нигаронида шудаанд.
*-созмонҳои мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0