Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз олимони соҳа даъват кардааст, ки навигариҳои илму соҳавиро бо забони адабии тоҷикӣ дар интернет бештар ворид намоянд
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфт.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.
"Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад",- гуфтааст раисҷумҳур.
Ба гуфтаи президент, дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.
"Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд",- таъкид кардааст сарвари давлат.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Раҳмон: Як зумра афроди асолатбохта ба сари мардуми Тоҷикистон ҷангеро таҳмил намуданд
Ба таъкиди раисҷумҳур, насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.
Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст, амадааст дар паёми табрикӣ.
Лентаи хабарҳо
0