https://sputnik.tj/20261004/sozishnoma-imzo-tojikiston-badakhshoni-afghoniston-barq-tamin-1080925300.html
Созишнома имзо шуд: Тоҷикистон Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин хоҳад кард
Созишнома имзо шуд: Тоҷикистон Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Бршно”-и Афғонистон дар як хабарномае навишт, ки қарордод таъмини барқи манотиқи марзии Бадахшони Афғонистон бо ширкати “Помири энерҷӣ” имзо шудааст
2026-10-04T10:21+0500
2026-10-04T10:21+0500
2026-10-04T10:21+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
энергетика
барқ
ширкати "помир энержӣ"
бадахшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079825493_0:243:3072:1971_1920x0_80_0_0_bc4873e0de7e678d3302840e36c4cff9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Ширкати барқии “Бршно”-и Афғонистон эълом кард ки барои таъмини барқи манотиқи марзии вилояти Бадахшон бо як ширкати барқии Тоҷикистон тавофуқнома имзо кардааст.Ин ширкат дар саҳифаи расмиаш навиштааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи тамдиди қарордоди хати интиқоли барқи 110 киловолт ба маркази Бадахшони Афғонистон низ гуфтгӯ шудааст.Ширкати “Бршно”, таҳти назорати Толибон* дар як хабарномае навишт, ки қарордод таъмини барқи манотиқи марзии Бадахшони Афғонистон бо ширкати “Помири энерҷӣ” имзо шудааст.Ин тавофуқномаи миёни Абдулҳақ Ҳамкор, раиси ширкати “Брешно” ва Амирхон Раҳим, раиси ширкати “Помир энерҷӣ” дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон имзо шудааст.“Помири энерҷӣ” таъкид кардааст, ки дигар пешниҳодҳои ширкати “Брешно” барои таъмини барқ ва тамдиди қарордодҳоро баррасӣ мекунад.Толибон*, имзои тавофуқномаи ҷадидро гоми муҳим дар ростои густариши ҳамкории дуҷониба ва таъмини барқи кишвар тавсиф кардааст.Афғонистони ҳудӯди 75 дарсади барқи мавриди ниёзи худро аз кишварҳои ҳамсоя, ба вижаи Осиёи миёна ворид мекунад.“Брешно” қаблан аз Тоҷикистони хоста буд, ки мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти 2026 ҳудуди 702 миллион киловатт дар соати барқ ба Афғонистон содир кардааст.Афғонистон дар ин давра бузургтарин харидори барқ Тоҷикистон будааст. Афғонистони солҳост солонаи миллионҳо доларро барои хариди барқ аз Тоҷикистон ҳазина мекунад.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20261002/hukumati-tolibon-tojikiston-sodiroti-barq-afghonistonro-afzoish-1080884141.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079825493_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_a6b841cdc1f5b38633aa56c4efbb2fe7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, энергетика, барқ, ширкати "помир энержӣ", бадахшон
дар тоҷикистон, афғонистон, энергетика, барқ, ширкати "помир энержӣ", бадахшон
Созишнома имзо шуд: Тоҷикистон Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин хоҳад кард
Ширкати “Бршно”-и Афғонистон дар як хабарномае навишт, ки қарордод таъмини барқи манотиқи марзии Бадахшони Афғонистон бо ширкати “Помири энерҷӣ” имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Ширкати барқии “Бршно”-и Афғонистон эълом кард ки барои таъмини барқи манотиқи марзии вилояти Бадахшон бо як ширкати барқии Тоҷикистон тавофуқнома имзо кардааст.
Ин ширкат дар саҳифаи расмиаш навиштааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи тамдиди қарордоди хати интиқоли барқи 110 киловолт ба маркази Бадахшони Афғонистон низ гуфтгӯ шудааст.
Ширкати “Бршно”, таҳти назорати Толибон* дар як хабарномае навишт, ки қарордод таъмини барқи манотиқи марзии Бадахшони Афғонистон бо ширкати “Помири энерҷӣ” имзо шудааст.
Ин тавофуқномаи миёни Абдулҳақ Ҳамкор, раиси ширкати “Брешно” ва Амирхон Раҳим, раиси ширкати “Помир энерҷӣ” дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон имзо шудааст.
“Помири энерҷӣ” таъкид кардааст, ки дигар пешниҳодҳои ширкати “Брешно” барои таъмини барқ ва тамдиди қарордодҳоро баррасӣ мекунад.
Толибон*, имзои тавофуқномаи ҷадидро гоми муҳим дар ростои густариши ҳамкории дуҷониба ва таъмини барқи кишвар тавсиф кардааст.
Афғонистони ҳудӯди 75 дарсади барқи мавриди ниёзи худро аз кишварҳои ҳамсоя, ба вижаи Осиёи миёна ворид мекунад.
“Брешно” қаблан аз Тоҷикистони хоста буд, ки мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.
Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти 2026 ҳудуди 702 миллион киловатт дар соати барқ ба Афғонистон содир кардааст.
Афғонистон дар ин давра бузургтарин харидори барқ Тоҷикистон будааст. Афғонистони солҳост солонаи миллионҳо доларро барои хариди барқ аз Тоҷикистон ҳазина мекунад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.