https://sputnik.tj/20261002/hukumati-tolibon-tojikiston-sodiroti-barq-afghonistonro-afzoish-1080884141.html
Ҳукумати Толибон* аз Тоҷикистон хост содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
Ҳукумати Толибон* аз Тоҷикистон хост содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Брешно” аз Тоҷикистон хостааст мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
2026-10-02T10:41+0500
2026-10-02T10:41+0500
2026-10-02T11:59+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
содирот
афғонистон
каса-1000
"барқи тоҷик"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_20:0:1202:665_1920x0_80_0_0_f576b0508f11f0e4f77d133082608ca1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Ин дархост дар дидори Абдулҳақ Ҳамкор, раиси иҷроии ширкати "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (Брешно) бо Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар Душанбе матраҳ шуд.Ширкати “Брешно” мегуяд, ду тараф дар ин дидор дар бораи афзоиши воридоти барқ аз Тоҷикистон, тақвияту густариши хутути интиқоли барқ, беҳбуди кайфият ва волтажи барқу тарофаҳо гуфтугӯ карданд.Фурсатҳои сармоягузорӣ, омӯзишҳои фаннӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат низ аз дигари мавзуоти мавриди баҳс дар ин нишаст будааст.Ба гуфтаи ширкати “Бршно”, тарафи Тоҷикистон дар бораи тарҳи сохти хати интиқоли барқи 500 киловолт иттилоот ироа кард ва омодагии худро барои баррасии дархости афзоиши содироти барқ ба Афғонистон иброз кард.Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд, ки тимҳои фаннӣ ва тиҷорӣ гуфтгӯҳоро идома диҳанд ва дар бораи ҷузъиёти ин мавзуъ ба натоиҷ амалӣ барисанд.Ширкат “Брешно” мегуяд дар пайи ҳифзи равобит бо Тоҷикистон ва афзоиши ҳамкориҳои пойдор, табодули энержӣ ва иҷрои пружаҳои муштарак миёни ду тараф аст.Ҳамзамон намояндагони ширкати “Брешно”-и Афғонистон бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дидор карданд.Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", аз ҷумла вазъи кунунии корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳамзамон, ҷонибҳои вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", ки баргузории он дар даҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон дар назар аст, табодуои афкор намуданд.Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи "CASA-1000" дар ҳудуди се кишвари иштирокчӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидаанд. Дар айни замон, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома дошта, тибқи нақша бояд то баҳори соли 2027 ба анҷом расанд.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти 2026 ҳудуди 702 миллион киловатти соъати барқ ба Афғонистон содир кардааст. Афғонистон дар ин давраи бузургтарин харидори барқ Тоҷикистон будааст .*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20260710/daler-juma-afghoniston-kasa-anjom-1078907753.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_92:0:979:665_1920x0_80_0_0_8985a86d9d3f2ec9fdd45249a3520272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, содирот, афғонистон, каса-1000, "барқи тоҷик"
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, содирот, афғонистон, каса-1000, "барқи тоҷик"
Ҳукумати Толибон* аз Тоҷикистон хост содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
10:41 02.10.2026 (Навсозишуда: 11:59 02.10.2026) Ширкати “Брешно” аз Тоҷикистон хостааст мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Ин дархост дар дидори Абдулҳақ Ҳамкор, раиси иҷроии ширкати "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (Брешно) бо Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар Душанбе матраҳ шуд.
Ширкати “Брешно” мегуяд, ду тараф дар ин дидор дар бораи афзоиши воридоти барқ аз Тоҷикистон, тақвияту густариши хутути интиқоли барқ, беҳбуди кайфият ва волтажи барқу тарофаҳо гуфтугӯ карданд.
Фурсатҳои сармоягузорӣ, омӯзишҳои фаннӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат низ аз дигари мавзуоти мавриди баҳс дар ин нишаст будааст.
Ба гуфтаи ширкати “Бршно”, тарафи Тоҷикистон дар бораи тарҳи сохти хати интиқоли барқи 500 киловолт иттилоот ироа кард ва омодагии худро барои баррасии дархости афзоиши содироти барқ ба Афғонистон иброз кард.
Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд, ки тимҳои фаннӣ ва тиҷорӣ гуфтгӯҳоро идома диҳанд ва дар бораи ҷузъиёти ин мавзуъ ба натоиҷ амалӣ барисанд.
Ширкат “Брешно” мегуяд дар пайи ҳифзи равобит бо Тоҷикистон ва афзоиши ҳамкориҳои пойдор, табодули энержӣ ва иҷрои пружаҳои муштарак миёни ду тараф аст.
Ҳамзамон намояндагони ширкати “Брешно”-и Афғонистон бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дидор карданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", аз ҷумла вазъи кунунии корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳои вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", ки баргузории он дар даҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон дар назар аст, табодуои афкор намуданд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи "CASA-1000" дар ҳудуди се кишвари иштирокчӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидаанд. Дар айни замон, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома дошта, тибқи нақша бояд то баҳори соли 2027 ба анҷом расанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти 2026 ҳудуди 702 миллион киловатти соъати барқ ба Афғонистон содир кардааст. Афғонистон дар ин давраи бузургтарин харидори барқ Тоҷикистон будааст .
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.