https://sputnik.tj/20261004/emomali-rahmon-shinosoi-vaz-zindagi-sokinon-khatlon-raft-1080930843.html
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ ба вазъи зиндагии сокинон ба Хатлон рафт
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ ба вазъи зиндагии сокинон ба Хатлон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи сафари кишвардор ба навоҳии минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон гуфта мешавад
2026-10-04T12:27+0500
2026-10-04T12:27+0500
2026-10-04T12:27+0500
дар тоҷикистон
хатлон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/04/1080928193_0:54:1024:630_1920x0_80_0_0_6b9e88cd0a9edbda97db833838bc3846.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафт. Ҳадафи сафар ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Ба иттилои манбаъ, президент нахуст ба ноҳияи Фархор ташриф оварда, бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Ҳамчунин кишвардор дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Таъкид шудааст, ки нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим аст. Сарвари давлат масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намудааст.Эмомалӣ Раҳмон пас аз Фархор бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Ппрезидентро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.
https://sputnik.tj/20260927/emomali-rahmon-havopaymo-nav-shohin-eyrlaynz-vmkb-raft-1080749361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/04/1080928193_57:0:968:683_1920x0_80_0_0_1495aa82da312cef90a232d1af1b13ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, хатлон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, иҷтимоъ
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ ба вазъи зиндагии сокинон ба Хатлон рафт
Ҳадафи сафари кишвардор ба навоҳии минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафт.
Ҳадафи сафар ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, президент нахуст ба ноҳияи Фархор ташриф оварда, бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ҳамчунин кишвардор дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд.
Таъкид шудааст, ки нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим аст.
Сарвари давлат масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз Фархор бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Ппрезидентро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.