https://sputnik.tj/20261003/tojikiston-tajlili-istiqloliyat-davlati-omodagi-1080910636.html
Тоҷикистон аз имрӯз ба таҷлили 40 солагии истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад
Тоҷикистон аз имрӯз ба таҷлили 40 солагии истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар фармони "Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон"-ро ба имзо расонд
2026-10-03T11:31+0500
2026-10-03T11:31+0500
2026-10-03T11:31+0500
дар тоҷикистон
истиқлол
фармон
эмомалӣ раҳмон
ҷашн
истиқлолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080099930_0:139:3014:1835_1920x0_80_0_0_e68fc6bba84c2fbfad7d8a6a677c54d0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад.Дар фармон гуфта шудааст, ки фармон бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа содир шудааст.Раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар фармон додааст, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашни40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар шарҳи фармон қайд кардааст, ки мардуми Тоҷикистон дар муддати панҷ соли сипаригардида бо кору пайкори худ ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ собит сохтанд, ки дар эъмори давлати мутамаддину пешрафта дар паҳлуи давлату Ҳукумат қарор доранд ва азми қатъӣ доранд, ки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон як Ватани ободу зебо ва пешрафта ба мерос гузоранд.Тибқи омори расмӣ, дар панҷ соли сипаригардида бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд.Аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.Ба иттилои манбаъ, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.Қайд карда шудааст, ки чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.Мақомот аз ҳар як шаҳрванд хостааст ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва таълиму тарбия барои фарзандон кӯшиш намояд.
https://sputnik.tj/20260910/rahmon-tojikiston-marhalai-navi-rushd-qadam-1080315226.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080099930_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_dd6e47609e5db058ec5cb13a4d799776.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, истиқлол, фармон, эмомалӣ раҳмон, ҷашн, истиқлолият
дар тоҷикистон, истиқлол, фармон, эмомалӣ раҳмон, ҷашн, истиқлолият
Тоҷикистон аз имрӯз ба таҷлили 40 солагии истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад
Раисҷумҳури кишвар фармони "Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон"-ро ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад.
Дар фармон гуфта шудааст, ки фармон бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа содир шудааст.
Раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар фармон додааст, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашни
40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар шарҳи фармон қайд кардааст, ки мардуми Тоҷикистон дар муддати панҷ соли сипаригардида бо кору пайкори худ ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ собит сохтанд, ки дар эъмори давлати мутамаддину пешрафта дар паҳлуи давлату Ҳукумат қарор доранд ва азми қатъӣ доранд, ки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон як Ватани ободу зебо ва пешрафта ба мерос гузоранд.
Тибқи омори расмӣ, дар панҷ соли сипаригардида бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Мақомот аз ҳар як шаҳрванд хостааст ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва таълиму тарбия барои фарзандон кӯшиш намояд.