Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қасд доранд, ки дар соҳаи технологияи рақамӣ ҳамкорӣ кунанд

© Foto / Агентство инноваций и цифровых технологий при президенте ТаджикистанаТаджикистан и Узбекистан подписали план мероприятий по реализации Меморандума о взаимопонимании между Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан и Министерством цифровых технологий Узбекистана.
Таджикистан и Узбекистан подписали план мероприятий по реализации Меморандума о взаимопонимании между Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан и Министерством цифровых технологий Узбекистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2026
Обуна шудан
Ду кишвар нақша доранд, ки дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, хидматрасонии рақамӣ ва инфрасохтор, инчунин омӯзиши кадрҳо ва дастгирии стартапҳо ҳамкорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар технологияи рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, хидматрасонии рақамӣ, инфрасохтори IT ва омӯзиши мутахассисонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд.
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 мулоқоти директори агентии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва муовини вазири технологияҳои рақамии Ӯзбекистон Ҷамол Махсудов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи зеҳни сунъӣ, хидматрасонии рақамӣ ва инфрасохтор, инчунин омӯзиши кадрҳо ва дастгирии стартапҳоро баррасӣ карданд.
Смартфон в руках.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026
Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳо байни Парки IT Душанбе ва Парки IT Uzbekistan зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, онҳо дар бораи ҳакатонҳои муштарак ва барномаҳои таълимӣ, инчунин мубодилаи таҷриба сӯҳбат карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот, нақшаи амал барои татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2027 ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0