Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст

© unsplash / Erik McleanСмартфон в руках.
Смартфон в руках.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026
Обуна шудан
Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт.
Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт.
“Ҳамзамон, зерсохтҳои иртиботии насли панҷум низ ба таври пайваста дар кишвар тавсеа меёбанд. Дар ҳоли ҳозир, иҷрои марҳила ба марҳилаи фановарии насли панҷум, мавсум ба 5G, ва густариши пӯшиши он идома дорад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст.
“Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст”, - гуфт раиси Хадамоти алоқа.
Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд.
“Дар соли 2026, ироаи хадамоти интернети моҳвораии Starlink дар Тоҷикистон расман оғоз шуд. Ин амр, фурсатҳои бештаре барои иттисоли манотиқи дурафтода ва саъбулубури кишвар ба интернет фароҳам мекунад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.       
Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст.
“Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Первый региональный форум Международного союза электросвязи для стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026
Баррасии технологияи рақамӣ: Душанбе раҳбарони ниҳодҳои алоқаи барқии ИДМ-ро гирд овард
Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 29 ба 30 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз кард, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот (ITU) – и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.
Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) барои рушди минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон дар ҳошияи он ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад.
Қаблан дар кишвар солҳои 2025 то 2030 ба унвони солҳои тавсеаи иқтисоди диҷитал ва навоварӣ эълом шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0