Баррасии технологияи рақамӣ: Душанбе раҳбарони ниҳодҳои алоқаи барқии ИДМ-ро гирд овард

© Foto / Региональное содружество в области связиПервый региональный форум Международного союза электросвязи для стран СНГ.
Первый региональный форум Международного союза электросвязи для стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2026
Обуна шудан
Баргузории чунин маҷмаи бузурги байналмилалӣ дар Душанбе, ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад масоили рӯзи тавсеаи иртиботот ва диҷиталисозиро баррасӣ кунанд ва масирҳои тозае барои ҳамкорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак таъйин намоянд
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Дар Душанбе барои аввалин бор як форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои ИДМ баргузор шуд.
Тоҷикистон ба унвони узви комили Иттиҳодияи байналмилалии алоқаи барқӣ, беш аз сӣ сол аст, ки ба тақвият ва густариши ҳамкориҳои дерина дар чорчӯби ин иттиҳодия аҳамияти вижае медиҳад.
Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи форуми минтақавии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои ИДМ изҳор дошт. Ӯ ҳамзамон иттиҳодияро шарики қобили эътимоди кишварҳои узв дар ҳавзаи алоқа ва тавсеаи диҷитал номид

“Ҳадафи аслии ин форум тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа, табодули таҷриба ва баррасии роҳҳои муштараки тавсеаи зерсохтҳои диҷитал аст. Ширкаткунандагон, мавзӯоти густариши шабакаҳои иртиботӣ, тавсеаи иттисоли диҷитал, ба коргирии фановариҳои навин аз ҷумла насли панҷуми иртибототи ҳамроҳ, мавсум ба 5G, истифода аз иртибототи моҳвораӣ, тавсеаи маҳоратҳои диҷитал ва ҷазби сармоягузорӣ дар ҳавзаи диҷиталро баррасӣ хоҳанд кард”,- гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Чорабиниҳои Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ 29 ба 30 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор шуданд. Дар чорчӯби ин барнома, барои нахустин бор дар Тоҷикистон, Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) оид ба рушд барои минтақаи ИДМ баргузор шуд.
Ҳамзамон ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ доир гардид. Иштирокдорон ҳамчунин мавзӯоти амнияти сойберӣ, беҳбуди чорчӯбҳои қонунӣ ва муқарраротӣ, тавсеаи навоварӣ ва корбурди ҳуши маснуӣ дар бахшҳои гуногунро дар бар мегирад. Табодули таҷриба ва тадвини ибтикороти муштарак, аз меҳварҳои аслии ин нишастҳо ҳастанд.
Рейтинг скорости интернета в странах ЦА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Баргузории чунин маҷмаи бузурги байналмилалӣ дар Душанбе, ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад масоили рӯзи тавсеаи иртиботот ва диҷиталисозиро баррасӣ кунанд ва масирҳои тозае барои ҳамкорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак таъйин намоянд.
Хотиррасон бояд кард, ки Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, ниҳоди тахассусии Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи фановариҳои диҷитал ва фановарии иттилоот ва алоқа аст, ки 17 майи 1865 дар Порис таъсис ёфта, қадимитарин созмони байналмилалӣ дар маҷмӯаи Созмони Милали Муттаҳид аст. Мақарри он дар шаҳри Женеваи Суис буда, 193 кишвари узв ва беш аз 700 узви бахшӣ, шомили ширкатҳо, донишгоҳҳо ва созмонҳо дорад.
Лентаи хабарҳо
0