Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Аврупо бар зидди Русия ҷанг мекунад

© Sputnik / Григорий СысоевМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2026
Обуна шудан
Нерӯҳои низомии Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳоеро, ки аз ҷониби Бритониё ва Аврупои ба Украина дода шудаанд, нобуд мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Аврупо бар зидди Русия ҷанг мекунад ва дар ин бора шакке нест.
Дипломат дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" иштирок кард, ки дар он ба саволи хабарнигори BBC Стив Розенберг дар бораи он ки оё Русия бар зидди кишварҳои аврупоӣ "ҷанги гибридӣ" мебарад, посух дод.
"Ман шакке надорам, ки ин ҷангест, ки Аврупо бар зидди мо бурда истодааст, мо муддати тӯлонӣ дар ин бора сӯҳбат мекардем", - изҳор дошт вазир.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳоеро, ки аз ҷониби Бритониё ва Аврупои ба Украина дода шудаанд, нобуд мекунад.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки таъмини силоҳ ба Киев ба ҳалли низоъ халал мерасонад, ки мустақиман кишварҳои НАТО-ро дар бар мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Лондон дар моҳи апрел эълон кард, ки имсол 120 000 ҳавопаймои бесарнишинро ба Киев интиқол медиҳад.
Встреча министра иностранных дел России Сергея Лаврова с госсекретарем США Марко Рубио на полях генасссамблеи ООН в Нью-Йорке 23 сентября 2026 года, . - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тафсилоти музокироти Лавров ва Рубио дар ИМА
Вазорати дифоъи Британияи Кабир инчунин эълон кард, ки барои харидани мушакҳои Patriot аз ИМА барои Украина 135 млн доллар ҷудо мекунад.
Вакили муваққати Британияи Кабир дар Русия, Дейни Дхолакия, моҳи сентябр ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд. Ба ӯ эътирози шадид нисбат ба афзоиши пайвастаи таъминоти ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар системаҳои силоҳ ба режими Киев аз ҷониби Лондон эълон карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0