https://sputnik.tj/20260924/tafsilot-muzokirot-lavrov-rubio-1080680258.html
Тафсилоти музокироти Лавров ва Рубио дар ИМА
Тафсилоти музокироти Лавров ва Рубио дар ИМА
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия ва котиби давлатии ИМА дар ҳошиаи ҳафтаи сатҳи баланди Сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ гуфтушунид карданд
2026-09-24T15:27+0500
2026-09-24T15:27+0500
2026-09-24T15:27+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сергей лавров
марко рубио
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/18/1080678698_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_1ad78527e52a666e4f920f2fc676f9b1.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Русия барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ содиқ аст.Дар ин бора раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот Бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио хабар дод.Дар мулоқот ҷонибҳо амалҳои харобиовари Киевро алайҳи аҳолии осоишта ва иншооти инфрасохторӣ, ки ба ноором шудани бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ оварда мерасонанд, баррасӣ карданд."Ҳангоми муҳокимаи масъалаи Украина, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамоҳангсозии зич байни режими Киев ва сарпарастони аврупоии он таваҷҷӯҳ зоҳир кард", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.Илова бар ин, Лавров зарурати ҳарчи зудтар ислоҳ кардани муносибатҳои дуҷонибаро тибқи созишномаҳои президентҳои Русия ва ИМА таъкид кард.Ин муколамаи ростқавлро дар бораи бартараф кардани "таҳрикдиҳандаҳо" ва ба ҳолати муқаррарӣ гузаронидани фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, аз ҷумла баргардонидани моликияти воқеан мусодирашудаи Русия дар ИМА, дар назар дорад, гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова қайд кард, ки ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳоро дар бораи рӯзномаи байналмилалӣ ва дуҷониба, аз ҷумла имконияти кам кардани зарари ба муносибатҳои Русия ва ИМА расонидашуда баррасӣ карданд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар майдонҳои ҳафтаи сатҳи баланди Сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ гуфтушунидҳо анҷом доданд, ки мулоқот тақрибан як соат идома ёфт.Дар Ню-Йорк 8 сентябр сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ расман кушода шуд. Дар доираи он тибқи анъана як ҳафтаи сатҳи баланд баргузор мешавад. Баҳсҳои умумӣ аз 22 то 26 сентябр давом мекунанд ва 28 сентябр ба анҷом мерасанд.
https://sputnik.tj/20260924/zakharova-ukraina-siloh-sulh-1080676946.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/18/1080678698_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2171813d6b2cc494947f3c57da8973eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, марко рубио, музокирот
сергей лавров, марко рубио, музокирот
Тафсилоти музокироти Лавров ва Рубио дар ИМА
Вазири корҳои хориҷии Русия ва котиби давлатии ИМА дар ҳошиаи ҳафтаи сатҳи баланди Сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ гуфтушунид карданд
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Русия барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ содиқ аст.
Дар ин бора раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот Бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио хабар дод.
"Ҷонибдории бечунучарои ҷониби Русия барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ, аз ҷумла дар роҳҳои ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъ дар асоси бартараф кардани сабабҳои аслии он тасдиқ шудааст",-гуфта мешавад дар хабар.
Дар мулоқот ҷонибҳо амалҳои харобиовари Киевро алайҳи аҳолии осоишта ва иншооти инфрасохторӣ, ки ба ноором шудани бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ оварда мерасонанд, баррасӣ карданд.
"Ҳангоми муҳокимаи масъалаи Украина, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамоҳангсозии зич байни режими Киев ва сарпарастони аврупоии он таваҷҷӯҳ зоҳир кард", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Илова бар ин, Лавров зарурати ҳарчи зудтар ислоҳ кардани муносибатҳои дуҷонибаро тибқи созишномаҳои президентҳои Русия ва ИМА таъкид кард.
Ин муколамаи ростқавлро дар бораи бартараф кардани "таҳрикдиҳандаҳо" ва ба ҳолати муқаррарӣ гузаронидани фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, аз ҷумла баргардонидани моликияти воқеан мусодирашудаи Русия дар ИМА, дар назар дорад, гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова қайд кард, ки ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳоро дар бораи рӯзномаи байналмилалӣ ва дуҷониба, аз ҷумла имконияти кам кардани зарари ба муносибатҳои Русия ва ИМА расонидашуда баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар майдонҳои ҳафтаи сатҳи баланди Сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ гуфтушунидҳо анҷом доданд, ки мулоқот тақрибан як соат идома ёфт.
Дар Ню-Йорк 8 сентябр сессияи 81-уми Ассамблеяи Генералии СММ расман кушода шуд. Дар доираи он тибқи анъана як ҳафтаи сатҳи баланд баргузор мешавад. Баҳсҳои умумӣ аз 22 то 26 сентябр давом мекунанд ва 28 сентябр ба анҷом мерасанд.