Боздиди 1,2 миллион гардишгар аз вилояти Хатлон дар зарфи ҳашт моҳ

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкКрепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото
Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2026
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки барои рушди минбаъдаи агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва сайёҳии табобатию солимгардонӣ "Харитаи роҳ" таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ, 29 сен - Sputnik. Дар солҳои охир шумораи сайёҳон дар вилояти Хатлон афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст мақомоти виояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2026 ба вилояти Хатлон 1 миллиону 247,2 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 1 миллиону 155,2 ҳазор нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 91,9 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 133 меҳмонхона, 152 мавзеъи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва 19 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон мақомоти вилоят таъкид кардааст, ки дар солҳои 2023-2026 дар вилоят беш аз 25 хатсайри сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ, агросайёҳӣ ва табобатию солимгардонӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Тоҷикистон садҳо миллион сомониро сарфи рушди сайёҳӣ хоҳад кард
Ҳамзамон мақомоти вилоят қайд кардааст, ки барои рушди минбаъдаи агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва сайёҳии табобатию солимгардонӣ "Харитаи роҳ" таҳия гардидааст.

Ахиран дар ҷаласае, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳаҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0