Бештараш дар Хатлон: Ҳаҷми умумии маҳсули кишоварзии Тоҷикистон ба 47,5 млрд сомонӣ расид

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПродажа овощей и фруктов в Москве
Продажа овощей и фруктов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2026
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон гузориш дод, ки аз аввали соли 2025 инҷониб дар ҷумҳурӣ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - августи соли 2026 беш аз 47,5 млрд сомонӣ расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.

“Дар давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба 47567,5 млн сомонӣ баробар шудааст”, - қайд кардааст Агентӣ.

Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 9 % зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 55,6%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба беш аз 23,3 млрд сомонӣ баробар гардидааст. Яъне бештари маъсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин минтақа ба даст меояд.
Дар ҷойи дуввум вилояти Суғд бо қариб 16,4 млрд сомони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истода, боқимонда ба НТМ ва ВМКБ рост меояд.
Фермерское хозяйство в Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2026
Русия хариди мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 15,1%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 20,6%, ВМКБ 20% Хатлон 12,8% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,3% фоизӣ баробар аст.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 34,2% ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 50,7%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 75%, вилоятҳои Суғд 42,5%, Хатлон 55,6% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50,6%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0