https://sputnik.tj/20260606/rusiya-angur-meva-sabzavot-tojikiston-afzoish-1078074820.html
Русия хариди мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Русия хариди мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Мева ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ аз ҷумла Русия харидорони зиёд дорад
2026-06-06T12:39+0500
2026-06-06T12:39+0500
2026-06-06T12:39+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
кишоварзӣ
мева
сабзавот
харидорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067381951_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_03ce6fcdfa63b8ee98a57145f47c6c0e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Русия хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.Дар ин масъала, вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников ва ҳамтои тоҷики ӯ Абдураҳмон Сафарализода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) дар соли 2026 дар ин бора ба мувофиқа расиданд.Тибқи иттилои хадамоти матбуотии вазорат, ду кишвар доираи маҳсулоти содиротии худро васеъ ва сифати молҳоро беҳтар хоҳанд кард.Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10 -уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон, дар маҷмӯъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.Аммо, имсол набояд ҳаҷми зиёди таъминоти мева аз Тоҷикистонро интизор шуд.Ба гуфтаи Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, якбора паст шудани ҳарорат дар якҷоягӣ бо боришоти тӯлонӣ беш аз нисфи ҳосилро нобуд кард."Озмоиши боғҳои зардолу дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Конибодом нишон дод, ки навдаҳое, ки нисбат ба маъмулӣ барвақттар шукуфта буданд, қариб пурра аз сармои даҳ рӯзи аввали моҳи март нобуд шудаанд", - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.Ба гуфтаи ин мақомдор, ин метавонад боиси афзоиши якбораи нархи зардолуи хушк гардад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки нархи зардолуи тар ва зардолуи хушк аллакай дар бозорҳои вилояти Суғд 30-40% боло рафтааст.
https://sputnik.tj/20260421/sugd-hamaruza-tonna-bozorhoi-rusiya-mahsulot-sodirot-1076986895.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067381951_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_457040e076a091d914fcbc5e2e86c864.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, кишоварзӣ, мева, сабзавот, харидорӣ
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, кишоварзӣ, мева, сабзавот, харидорӣ
Русия хариди мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Мева ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ аз ҷумла Русия харидорони зиёд дорад
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Русия хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.
Дар ин масъала, вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников ва ҳамтои тоҷики ӯ Абдураҳмон Сафарализода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) дар соли 2026 дар ин бора ба мувофиқа расиданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии вазорат, ду кишвар доираи маҳсулоти содиротии худро васеъ ва сифати молҳоро беҳтар хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10 -уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон, дар маҷмӯъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.
Аммо, имсол набояд ҳаҷми зиёди таъминоти мева аз Тоҷикистонро интизор шуд.
Ба гуфтаи Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, якбора паст шудани ҳарорат дар якҷоягӣ бо боришоти тӯлонӣ беш аз нисфи ҳосилро нобуд кард.
"Озмоиши боғҳои зардолу дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Конибодом нишон дод, ки навдаҳое, ки нисбат ба маъмулӣ барвақттар шукуфта буданд, қариб пурра аз сармои даҳ рӯзи аввали моҳи март нобуд шудаанд", - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ин мақомдор, ин метавонад боиси афзоиши якбораи нархи зардолуи хушк гардад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки нархи зардолуи тар ва зардолуи хушк аллакай дар бозорҳои вилояти Суғд 30-40% боло рафтааст.