Расулзода бо Алиев масъалаи транзити молҳои Тоҷикистонро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента АзербайджанаВстреча президента Азербайджана Ильхама Алиева с премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой.
Встреча президента Азербайджана Ильхама Алиева с премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Обуна шудан
Президенти Озарбойҷон бо сарвазири Тоҷикистон масъалаи транзити молҳои Тоҷикистон тавассути Долони Миёна ва бозшавии парвозҳои мустақим миёни Боку-Душанберо баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Боку президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон масъалаи интиқоли молҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути Долони Миёна баррасӣ кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Озарбойҷон, Алиев зимни қабули сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки сафари ӯ имкон медиҳад, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба бахши нақлиёт ва логистика, ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши тиҷоратро баррасӣ кунад.
"Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба интиқоли молҳои Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалӣ тавассути Озарбойҷон тавассути Долони Миёна, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургия, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Расулзода барои квотаҳои ҷудокардаи ҷониби Озарбойҷон барои донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос кард.
Президент РФ Владимир Путин и президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Коршинос: Фазои Тоҷикистон барои суҳбати Путин ва Алиев мусоид буд
"Бо таъкид бар он ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошанд, ҷонибҳо ба аҳамияти кушодани парвозҳои мустақим байни Боку ва Душанбе ишора карданд ва бо қаноатмандӣ афзоиши сайёҳӣ ва мусофиркашониро қайд карданд", - хабар дод хадамоти матбуоти Илҳом Алиев.
Равобити дипломатӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, дӯстии таърихӣ ва шарикии стратегӣ рушду тавсеа меёбанд. Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар расман 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
Моҳи майи соли 2024 дар Боку Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев Эъломияи шарикии стратегиро имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0