Хатлон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар байни минтақаҳои Тоҷикистон пешсаф аст

Визит президента РТ в Хатлонскую область
Визит президента РТ в Хатлонскую область  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Обуна шудан
Ба вазъи демографии кишвар як қатор омилҳо, аз ҷумла сатҳи таваллуд, сатҳи фавт ва равандҳои гуногуни муҳоҷират, таъсир мерасонанд
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон беш аз 10,82 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
Ин маълумотро ахиран Агентии омори кишвар расонаӣ кардааст.
Ба иттилои Агентии омор шумори аҳолӣ нисбат ба давраи январ-июли соли 2025 2% бештар шудааст.
Дар айни замон, шумори аҳолие, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фарқияти бузург доранд.
Барои маълумоти бештар дар бораи аҳолии кишвар, ба тасвирбаёни Sputnik Tajikistan нигаред.
© SputnikШумораи аҳолӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон
Шумораи аҳолӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Шумораи аҳолӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон
Аҳолии аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон (зиёда аз 3,9 миллион нафар) ва баъдан Суғд (тақрибан 3 миллион нафар) зиндагӣ мекунад.
Аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) беш аз 2,3 миллион нафар ва аҳолии пойтахт беш аз 1,3 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти расмӣ, аҳолии аз ҳама камтар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо 236,8 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.
Аҳолии Тоҷикистон наздик ба 11 миллион расид
Ба вазъи демографии кишвар як қатор омилҳо, аз ҷумла сатҳи таваллуд, сатҳи фавт ва равандҳои гуногуни муҳоҷират, таъсир мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2030 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад. Ҷамъоварии маълумот аз 1 октябр оғоз ёфта, як моҳ дар саросари кишвар идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0