Аҳолии Тоҷикистон наздик ба 11 миллион расид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2026
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд, ки дар давоми як соли охир шумораи аҳолии кишвар 2% афзуда, тамоюли афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 8 сент - Sputnik. То 1-уми июли соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 817,7 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҳисобҳои мазкур бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ анҷом дода шудаанд.
Афзоиши шумораи аҳолӣ асосан аз афзоиши табиӣ ва таъсири равандҳои муҳоҷират ташаккул меёбад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, вилояти Хатлон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, то 1-уми июли соли равон дар ин минтақа 3 миллиону 919,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.
График на планшете. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба таври электронӣ мегузарад
Вилояти Суғд бо 3 миллиону 35,8 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 325,1 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 1 миллиону 300,8 ҳазор нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 236,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши аҳолӣ ба иқтидори меҳнатӣ ва бозори дохилии кишвар таъсири мусбат расонида, ҳамзамон зарурати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣро бештар мекунад.
Ҳамин тариқ, дар давоми як соли охир шумораи аҳолии кишвар 2% афзуда, тамоюли афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0