Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Bloomberg: Трамп ба Зеленский тавсиа дод, ки ба Маскав равад

© AP / Julia Demaree NikhinsonВстреча президента США Дональда Трампа с Владимиром Зеленским во время сессии Генеральной Ассамблеи ООН в штаб-квартире ООН 22 сентября 2026 года.
Встреча президента США Дональда Трампа с Владимиром Зеленским во время сессии Генеральной Ассамблеи ООН в штаб-квартире ООН 22 сентября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Обуна шудан
Нашрияи Bloomberg менависад, ки раҳбари ИМА ба Зеленский тавсиа дод, ки барои музокирот бо Путин ба Маскав равад
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Нашрияи Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад, ки президенти ИМА Доналд Трамп аз Владимир Зеленский даъват кардааст, ки бо президенти Русия Владимир Путин дар Маскав мулоқот кунад.
"Ин ҳафта Доналд Трамп бори дигар аз Владимир Зеленский даъват кард, ки сарфи назар аз радди такрорӣ дар гузашта, ба Маскав сафар кунад, то бо Владимир Путин мулоқот кунад", - қайд кардааст нашрия.
Ба гуфтаи нашрия, раҳбари режими Киев аз дархости Трамп нороҳат шудааст.
Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки Русия омода аст Владимир Зеленскийро дар Маскав пазироӣ кунад.
Вай афзуд, ки кафолатҳои амниятӣ дода мешаванд ва раҳбари режими Киев хеле хуб медонад, ки кадом қарорҳо бояд қабул карда шаванд.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мирошник: Танҳо Русия пешниҳодҳо барои ҳалли низоъ дар Украина дорад
Трамп ва Зеленский ахиран дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк мулоқот карданд. Дар як нишасти матбуотии кӯтоҳ пеш аз ҷаласаи пӯшида, раҳбари Амрико назорати пурраро ба даст гирифт ва ба Зеленский иҷозат надод, ки ба як савол ҷавоб диҳад. Раҳбари режими Киев танҳо тавонист изҳори миннатдорӣ ба ҷониби Амрико кунад ва хоҳиши худро барои хотима додан ба низоъ пеш аз зимистон эълон кард. Мулоқоти пӯшида тақрибан 40 дақиқа давом кард.
Сипас Зеленский дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард. Баъд аз ин, ҳангоми тарк кардани бино, рӯзноманигорон аз ӯ пурсон шуданд, ки кай ба Маскав меравад.
Лентаи хабарҳо
0