Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мирошник: Танҳо Русия пешниҳодҳо барои ҳалли низоъ дар Украина дорад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПосол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Обуна шудан
Сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, кишварҳои Ғарб кӯшиш мекунад, ки таваққуфи мусаллаҳшавии Киевро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник изҳор дошт, ки танҳо Русия роҳҳои ҳалли низоъ дар Украинаро пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки ҳамаи ташаббусҳои дигари аврупоиҳо, бритониёиҳо ё Брюссел барои таваққуфи мусаллаҳшавии Киев равона шудаанд.
"Дар асл, танҳо Русия роҳҳои ҳалли низоъро пешниҳод мекунад. Ҳама чизи дигар, хоҳ Зеленский бошад, хоҳ аврупоиҳо, хоҳ ҳатто бритониёиҳо ё Брюссел, кӯшиши танҳо музокира кардани таваққуф бо ҳар баҳона аст", - гуфт Мирошник ба хабаргузории Вести.
Ба андешаи вай, ҳадафи асосии чунин "ташаббусҳои сулҳҷӯёна" таъмини таваққуф ва оғози механизми барқарорсозӣ, бозомӯзӣ ва мусаллаҳшавии иловагии Киев барои расидан ба сатҳи нави шиддат мебошад.
Марин Ле Пен, глава партии Национальное объединение. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ле Пен: Фаронса дигар пуле надорад, ки ба Украина кумак кунад
Сафир таъкид кард, ки Ғарбиён тамоман дар бораи ҳалли воқеӣ фикр намекунанд.
Рӯзи 24 феврали соли 2022 президенти Русия Владимир Путин аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс ва қаламрави Украина хабар дод.
Мақомоти Русия мақсади ин амалиётро ҳимояи аҳолӣ, ғайринизомикунонӣ ва нобуд кардани таҳдидҳои амниятӣ арзёбӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0