https://sputnik.tj/20260925/peskov-armaniston-intikhobi-khudro-kunad-1080700103.html
Песков: Арманистон бояд интихоби худро кунад
Песков: Арманистон бояд интихоби худро кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия эълон кард, ки Арманистон бояд миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё интихобашро кунад
2026-09-25T11:42+0500
2026-09-25T11:42+0500
2026-09-25T11:42+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
русия
арманистон
песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/03/1079428365_0:147:3096:1889_1920x0_80_0_0_f7ed0fb9475c46acb792d6f0ac53e767.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки кишвараш ба ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Арманистон эҳтиром мегузорад, аммо Ереван бояд байни Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё интихоб кунад."Дар ҳақиқат, мо ба ҳама ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Арманистон эҳтиром мегузорем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Котиби матбуотии президент қайд кард, ки Арманистон иштирокчии раванди ҳамгироии ИИАО аст ва гузариши тадриҷӣ ба дигар стандартҳо бо стандартҳои ИИАО дар доираи васеи соҳаҳо мувофиқат намекунад."Ин аст он чизе ки мо дар назар дорем, вақте ки мегӯем, ки интихоб кардан муҳим аст ва дар ҳақиқат муҳим аст, ки яке аз кишварҳои узви ИИАО бо қоидаҳо, низомномаҳо ва принсипҳои ин иттиҳодияи ҳамгироӣ, ки барои ҳамаи мо хеле муҳим аст, мухолифат накунад", - таъкид кард ӯ.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260924/kadom-kishvari-iiao-muzdi-mehnat-bolo-1080688175.html
русия
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/03/1079428365_183:0:2912:2047_1920x0_80_0_0_fb0fe98e838c4d17435cd7cbf28128bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, русия, арманистон, песков
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, русия, арманистон, песков
Песков: Арманистон бояд интихоби худро кунад
Сухангӯи раисҷумҳури Русия эълон кард, ки Арманистон бояд миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё интихобашро кунад
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки кишвараш ба ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Арманистон эҳтиром мегузорад, аммо Ереван бояд байни Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё интихоб кунад.
"Дар ҳақиқат, мо ба ҳама ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Арманистон эҳтиром мегузорем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Котиби матбуотии президент қайд кард, ки Арманистон иштирокчии раванди ҳамгироии ИИАО аст ва гузариши тадриҷӣ ба дигар стандартҳо бо стандартҳои ИИАО дар доираи васеи соҳаҳо мувофиқат намекунад.
"Ин аст он чизе ки мо дар назар дорем, вақте ки мегӯем, ки интихоб кардан муҳим аст ва дар ҳақиқат муҳим аст, ки яке аз кишварҳои узви ИИАО бо қоидаҳо, низомномаҳо ва принсипҳои ин иттиҳодияи ҳамгироӣ, ки барои ҳамаи мо хеле муҳим аст, мухолифат накунад", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.