Дар кадом кишвари ИИАО музди меҳнат боло рафтаст?

© Sputnik / Пелагия ТихоноваРоссийские рубли.
Российские рубли. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Обуна шудан
Аз аввали моҳи январ то июни соли равон музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз ҳама маош дар Қирғизистон, Белорус ва Русия зиёд шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Афзоиши музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта,бештар аз ҳама дар Қирғизистон (27,5%) сипас Беларус (13,2%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар Русия маош 12,7%, дар Қазоқистон 0,3% ва дар Арманистон 5,5% боло рафтааст.
Дар Қирғизистон инчунин музди меҳнати пасттарин бо доллар ва нишондиҳандаи афзоиши нархҳои истеъмолӣ баландтарин аст.
Пашинян бовар надорад, ки ӯ дар ду курсӣ (ИА ва ИИАО) нишастааст ва онро як курсии арманӣ меномад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Пашинян бовар надорад, ки ӯ дар ду курсӣ (ИА ва ИИАО) нишастааст ва онро "як курсии арманӣ" меномад.
Тибқи омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Беларус инчунин аз рӯи музди меҳнати миёнаи моҳона бо доллар дар моҳҳои январ-июни соли 2025 (1026 доллар) дар ҷои дуюм қарор гирифт.
Русия бо 1431 доллар дар ҷои аввал қарор гирифтааст.
Дар кишварҳои боқимондаи ИИАО музди меҳнат камтар аз 1000 доллар буд: дар Қазоқистон 988 доллар, дар Арманистон 830 доллар ва дар Қирғизистон 615 доллар.
Лентаи хабарҳо
0