Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ле Пен: Фаронса дигар пуле надорад, ки ба Украина кумак кунад

© REUTERS /Stephanie LecocqМарин Ле Пен, глава партии "Национальное объединение".
Марин Ле Пен, глава партии Национальное объединение. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Обуна шудан
Раҳбари ҳизби "Иттиҳодияи миллӣ”-и парлумони Фаронса, гуфт кишвараш дигар наметавонад ба Украина кумаки молӣ расонад
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Марин Ле Пен, номзад ба мақоми президентӣ ва Раҳбари ҳизби "Иттиҳодияи миллӣ”-и парлумони Фаронса изҳор дошт, ки кишвараш дар вазъияти фавқулоддаи молиявӣ қарор дорад ва Париж дигар наметавонад ба Украина кумаки молӣ расонад.
"Мо дигар наметавонем ба Украина кумаки молӣ расонем... Мо маблағ надорем. Сир нест, ки Фаронса айни замон дар вазъияти фавқулоддаи молиявӣ қарор дорад", - гуфт ӯ дар як чорабинии Politico.
Қаблан Ле Пен Русияро дар робита бо қарори Маскав дар бораи додани дороиҳои фурӯшандаи фаронсавии Auchan (номи тамғаи Auchan), истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории швейтсарӣ Nestlé ва гурӯҳи логистикии фаронсавии FM Logistic таҳти идоракунии муваққатӣ ба амалҳои душманона айбдор карда буд.
Владимир Зеленский выступает на 81-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН 23 сентября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленскийро ҳанӯз аз музокирот дар Маскав даст накашидааст
Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва раиси ҳизби "Русияи воҳид", дар шарҳи иттиҳомоти ӯ, изҳор дошт, ки ҳизби Ле Пен ба як ҳизби маъмулии русбадбин дар Аврупо табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0