https://sputnik.tj/20260925/intizor-havopaymoi-eron-sari-vaqt-tojikiston-narasid-1080708888.html
"Интизор будем" — чаро ҳавопаймои Эрон сари вақт ба Тоҷикистон нарасид?
"Интизор будем" — чаро ҳавопаймои Эрон сари вақт ба Тоҷикистон нарасид?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти авиатсияи Тоҷикистон овозаҳо дар бораи мушкили хатсайри Теҳрон — Душанберо шарҳ доданд.
2026-09-25T16:43+0500
2026-09-25T16:43+0500
2026-09-25T19:45+0500
эрон
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
парвоз
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/19/1080722662_0:259:3180:2048_1920x0_80_0_0_a31471843bd6a96750cb8e6c898314f9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта парвози Теҳрон — Душанбе ба далели баста шудани ҳарими ҳавоии Туркманистон ба мушкил рӯбарӯ шуд.Дар мақомоти авиатсияи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки барои қабули ҳавопаймои ширкати эронӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.24 сентябри соли 2026 парвози ширкати ҳавопаймоии эронии "Varesh Airlines", ки дар масири Теҳрон — Душанбе анҷом мешуд, дар вақти муайяншуда ба фурудгоҳи Душанбе нарасид. Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, Туркманистони ҳамсоя ҳарими ҳавоии худро баст. Ҳавопаймои Boeing 737-и ширкати "Varesh Airlines", ки ин парвозро анҷом медод, каме бештар аз як соат дар ҳаво буд ва сипас маҷбур шуд масири худро тағйир дода, ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии Теҳрон баргардад.Мақомоти Туркманистон ногаҳон ба ҳавопаймои эронӣ иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии худро надоданд. Ишқобод расман сабаби ин тасмимро эълон накард, аммо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ ин иқдомро мустақиман ба анҷоми давраи гузариши таҳримҳои шадиди дуюмдараҷаи ИМА алайҳи бахши авиатсияи Эрон дар 23 сентябр рабт медиҳанд.Аз 23 сентябри соли 2026 Иёлоти Муттаҳида алайҳи ҳамаи 27 ширкати ҳавопаймоии Эрон таҳримҳои шадиди дуюмдараҷа ҷорӣ карда, таҳдид кардааст, ки ҳар фурудгоҳ ё ширкате дар ҷаҳон, ки ба онҳо хидмат мерасонад, аз низоми долларӣ маҳрум хоҳад шуд.Бино ба иттилои мақомоти авиатсияи Тоҷикистон, шаби 24 сентябр парвоз ба Душанбе ниҳоят анҷом шуд, аммо ҳавопаймо бо масири алтернативӣ ва тӯлонитар — тавассути ҳарими ҳавоии Озарбойҷон ва Қазоқистон ва бо давр задани Туркманистон — парвоз кард.Мақомоти авиатсияи Эрон ният доранд парвозҳои дигар, аз ҷумла хатсайри ба нақша гирифташудаи Машҳад — Душанбе — Машҳадро низ тавассути ҳамин долони нави ҳавоӣ анҷом диҳанд.Фурудгоҳи Душанбе расман қабули ҳавопаймоҳои Эронро идома медиҳад. Тоҷикистон, ки бо Эрон робитаҳои наздики фарҳангӣ ва забонӣ дорад, то ҳол, бар хилофи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ё Озарбойҷон, ки қабули ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро пурра қатъ кардаанд, дар бораи пайвастан ба таҳрими ҳавоии ИМА хабар надодааст.
https://sputnik.tj/20260925/aroqchi-erontavsea-tamiqi-munosibot-tojikiston-omoda-1080699791.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/19/1080722662_302:0:3033:2048_1920x0_80_0_0_006ec81d4750f122c8232ae0b55790eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, парвоз, ҳавопаймо
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, парвоз, ҳавопаймо
"Интизор будем" — чаро ҳавопаймои Эрон сари вақт ба Тоҷикистон нарасид?
16:43 25.09.2026 (Навсозишуда: 19:45 25.09.2026) Мақомоти авиатсияи Тоҷикистон овозаҳо дар бораи мушкили хатсайри Теҳрон — Душанберо шарҳ доданд.
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта парвози Теҳрон — Душанбе ба далели баста шудани ҳарими ҳавоии Туркманистон ба мушкил рӯбарӯ шуд.
Дар мақомоти авиатсияи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки барои қабули ҳавопаймои ширкати эронӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.
"Мо тибқи “флайт-план” мунтазири фуруд омадани ҳавопаймои ширкати эронӣ будем. Ҳар мушкиле, ки вуҷуд дошт, берун аз Тоҷикистон ба миён омадааст", — гуфтанд дар мақомот.
24 сентябри соли 2026 парвози ширкати ҳавопаймоии эронии "Varesh Airlines", ки дар масири Теҳрон — Душанбе анҷом мешуд, дар вақти муайяншуда ба фурудгоҳи Душанбе нарасид. Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, Туркманистони ҳамсоя ҳарими ҳавоии худро баст.
Ҳавопаймои Boeing 737-и ширкати "Varesh Airlines", ки ин парвозро анҷом медод, каме бештар аз як соат дар ҳаво буд ва сипас маҷбур шуд масири худро тағйир дода, ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии Теҳрон баргардад.
Мақомоти Туркманистон ногаҳон ба ҳавопаймои эронӣ иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии худро надоданд. Ишқобод расман сабаби ин тасмимро эълон накард, аммо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ ин иқдомро мустақиман ба анҷоми давраи гузариши таҳримҳои шадиди дуюмдараҷаи ИМА алайҳи бахши авиатсияи Эрон дар 23 сентябр рабт медиҳанд.
Аз 23 сентябри соли 2026 Иёлоти Муттаҳида алайҳи ҳамаи 27 ширкати ҳавопаймоии Эрон таҳримҳои шадиди дуюмдараҷа ҷорӣ карда, таҳдид кардааст, ки ҳар фурудгоҳ ё ширкате дар ҷаҳон, ки ба онҳо хидмат мерасонад, аз низоми долларӣ маҳрум хоҳад шуд.
Бино ба иттилои мақомоти авиатсияи Тоҷикистон, шаби 24 сентябр парвоз ба Душанбе ниҳоят анҷом шуд, аммо ҳавопаймо бо масири алтернативӣ ва тӯлонитар — тавассути ҳарими ҳавоии Озарбойҷон ва Қазоқистон ва бо давр задани Туркманистон — парвоз кард.
"Ҳавопаймо соати 23:45 бехатар дар Душанбе фуруд омад ва соати 01:00 дубора ба самти Теҳрон парвоз кард", — гуфтанд дар мақомот.
Мақомоти авиатсияи Эрон ният доранд парвозҳои дигар, аз ҷумла хатсайри ба нақша гирифташудаи Машҳад — Душанбе — Машҳадро низ тавассути ҳамин долони нави ҳавоӣ анҷом диҳанд.
Фурудгоҳи Душанбе расман қабули ҳавопаймоҳои Эронро идома медиҳад. Тоҷикистон, ки бо Эрон робитаҳои наздики фарҳангӣ ва забонӣ дорад, то ҳол, бар хилофи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ё Озарбойҷон, ки қабули ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро пурра қатъ кардаанд, дар бораи пайвастан ба таҳрими ҳавоии ИМА хабар надодааст.