Додгоҳи фармоишӣ: чаро Тоҷикистон аз Асосномаи Рум хориҷ мешавад?

© AP / Peter DejongЗдание Международного уголовного суда в Гааге.
Здание Международного уголовного суда в Гааге.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Обуна шудан
Коршиносони тоҷик Додгоҳи ҷиноии байналмилалро як созмони “худхондаву машкук” ва хуруҷи Тоҷикистон аз онро мантиқӣ мехонанд
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Душанбе тасмим гирифт, ки робитаҳояшро бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ қатъ кунад. Ба маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, тарҳи мусаввабаи “Дар бораи поён додан ба эътибори Асосномаи Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ” пешниҳод шудаст.
Ин қадам вокуниши табиӣ ба бӯҳрони ӯҳдадориҳо буд, ки пас аз сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли гузашта ва интиқоди минбаъдаи Иттиҳоди Аврупо ба миён омад. Тоҷикистон то соли 2024 танҳо кишвари Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ буд, ки узвияти ин додгоҳро дошт.
Аксари ҳамсояҳои минтақа шартномаро ба монанди Узбекистон ва Туркманистон ё умуман имзо накарданд, ё онро чун Қазоқистон тасдиқ накарданд. Русия имзои худро комилан бозпас гирифт: дар соли 2016 Путин фармонеро имзо кард, ки дар он Русия аз ҳамроҳшавӣ ба асосномаи Рум даст кашид.
Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар асл чист ва чаро Тоҷикистон ба ин созмони шубҳанок ниёз надорад, - дар маводи Sputnik Тоҷикистон хонед:

Бидуни адолат

Дар ҳоле ки ҳанӯз мавзӯи хуруҷи Тоҷикистон аз ин созмон ниҳоӣ нашудааст, Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи маъруфи тоҷик, бар ин аст, ки кишвар бояд бидуни ҳеҷ истиҳолае чунин созмонҳои худхондаву машкукро тарк кунад.
“Тоҷикистон вақте узвияти Додгоҳи ҷиноии байналмилалиро ба даст овард, ҷанги дохилӣ ба анҷом расида буд ва мебоист имиҷи байналмилалии худро сару сомон диҳад, худро ба зиндагии ҷаҳонӣ айёр кунад. Дар асл, ин созмон барои таъмини манофеъи бархе кишварҳои ғарбӣ сохта шудааст, то ҳар сиёсатмадору раҳбари барои худ нобобро аз байн баранд ва кишварҳоро мутеъ созанд”, — гуфт вакили дифоъ.
Аз таҳаввулоте, ки бо гузашти наздик ба 30 сол дар атрофи Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ иттифоқ меафтанд, дида мешавад, ки солҳои ахир эътимод ба он коста шуда ва кишварҳо дастаҷамъона дар садади тарки он ҳастанд. Ин ниҳод, ки аслан бо ғояи ҳифзи ҳуқуқҳои умумиҷаҳонӣ таъсис дода шуда буд, муддати тӯлонӣ ҳамчун воситаи фишор эътироф мегардад.
Здание Парламента республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Тоҷикистон мехоҳад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад
Тайи даҳ соли ахир, аз миёни 125 узви Додгоҳ, ду кишвар — Бурунди (2017) ва Филиппин (2019) — ба гунаи комил аз он хориҷ шуданд. Шаш кишвари дигар — Маҷористон, Мали, Буркина-Фасо, Нигер (2025), Венесуэла ва Чад (2026) — тайи як соли ахир асноди худро барои хуруҷ фиристоданд.
Далоили хуруҷи онҳо мутафовит аст. Ба гунаи мисол, Родриго Дутерте, раисиҷумҳури пешини Филиппин, ба ин далел раванди хуруҷро ба роҳ андохт, ки Додгоҳ баррасии парвандаи ӯро дар робита ба “ҷанги сахтгирона алайҳи маводи мухаддир” оғоз кард.
Мали, Буркина-Фасо ва Нигер — се кишвари минтақаи Соҳил, ки тавассути идораҳои низомӣ раҳбарӣ мешаванд — ба гунаи ҳамоҳанг Додгоҳи ҷиноии байналмилалиро ба “адолати гузинишӣ” ва табдил шудан ба абзоре барои истеъмори навини Ғарб муттаҳам карданд.
Вазъияти Маҷористон як ҳангомае эҷод кард, вақте ки баҳори соли 2025 мақомот раванди хуруҷ аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалро, ки бар хилофи рӯзномаи умумии Аврупо буд, оғоз карданд. Сабаб таҳти пайгард қарор додани Бенямин Нетаняҳу бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият дар Фаластин буд. Аммо, пас аз иваз шудани қудрат дар моҳи майи соли 2026, парлумони нав расман ин қарорро бекор кард ва узвияти кишварро дар ин созмон барқарор кард.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, Додгоҳи Гаага аз сӯи маҳофили сиёсӣ ва молии Ғарб, пеш аз ҳама Бритониё, мутаносиб бо воқеиятҳои ҷаҳони такқутбӣ роҳандозӣ шуд ва акнун бо фурӯ рафтани ин низом, дар ҳоли фурӯпошӣ аст.
Города мира. Гаага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Русия аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки аз Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ хориҷ шаванд
“Даъвояшон ин буд, ки Додгоҳ барои муҳофизат аз кишварҳои мазлуму заиф аст, аммо дақиқан ҳамин кишварҳо ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳаракатҳои озодихоҳонаи онҳоро, ки хилофи манофеъи кишварҳои ғарбӣ буд, саркӯб мекунанд. Бар асоси асли “ҳар кӣ бо мо нест, душмани мост”. Ҳол иқдоми ҳар кишваре, ки онро тарк мекунад, мантиқӣ аст”, — гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.

Ба сиёсат печидан

Ҳол суол ин аст, ки чаро пас аз наздик ба 30 сол Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки рӯи Асосномаи Рум хати бутлон бикашад?
Нахустин тақобули Тоҷикистон бо Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар 10 апрели 2025 рух дод, замоне ки Ҳизби мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)* дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайритиҷоратии ғарбии ҳуқуқи башар, расман алайҳи ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шикоят кард.
Ним сол баъди ин, ИА Тоҷикистонро ба риоя накардани қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар бораи боздошти Владимир Путин, ки дар ҷараёни вохӯрии сарони ИДМ ва нишасти "Осиёи Марказӣ + Русия" аз ин ҷумҳурӣ боздид карда буд, айбдор кард. Дар ИА қайд карданд, ки Душанбе ҳамчун як кишвари узви Асосномаи Рум ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст.
Тоҷикистон аз шарҳи ин вазъ худдорӣ кард, аммо ин поёни кор набуд: моҳи марти соли 2026 Шуъбаи муқаддамотии Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ расман Тоҷикистонро ноқизи ҳуқуқи байналмилал шинохт. Парвандаи Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷмаи кишварҳои узви Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ ирҷоъ шуд.
Ба фикри Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури сиёсӣ ва амниятӣ, шикоёти мухолифин ва созмонҳои, ба истилоҳ, мудофеъи ҳуқуқи башарро, ки дар хидмати дастгоҳҳои истихборотии хориҷӣ қарор доранд, Додгоҳи Гаага ҷиддӣ намегирад
“Аммо ба гумони ғолиб, сафари раисиҷумҳури Русия ба Душанбе Додгоҳро ба хашм овардааст, зеро Тоҷикистон танҳо кишвари узви он аст, ки муқаррароти онро нодида мегирад. Владимир Путин чаҳор шабу панҷ рӯз меҳмони ҳамтои тоҷики худ буд. Барои Тоҷикистон мушорикати стратегӣ бо Русия муҳимтар аз узвият дар як созмони худхондаву машкук аст”, — гуфт коршинос.
Заместитель председателя Совета Безопасности РФ Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2025
Медведев Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро "бадбахтии Гаага" ва намунаи "нокомии комил" номид
Ҷалилов афзуд, ки дар амал Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ як созмони худхондаи ғайридавлатӣ аст, ки бо шиорҳои “мубориза бо ҷароими ҷангӣ, куштори ҷамъӣ ва дигар ҷиноёти башарӣ” вориди майдон шуд, аммо дар баробари ҷиноёти ҷангии Амрико ва НАТО, ки миллионҳо нафарро ба ҳалокат расонда ва овора кардаанд, ҳаргиз вокуниш нишон надодааст.
“Ин созмон асосан дар хидмати гурӯҳҳои молӣ ва сиёсӣ ва ширкатҳои ҷаҳонии аврупоӣ қарор дорад, ки ҳадафашон аз сари роҳ бардоштани шахсиятҳо ва низомҳои номатлуб барои худ ва густариши сайтараи худ аст”, — гуфт коршинос.

Бидуни додгоҳи нолозим.

Аз миёни 9 кишвари узви ИДМ, то пеш аз иқдоми ахири Душанбе, танҳо ду кишвар — Тоҷикистон ва Арманистон — аъзои комили Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ буданд.
Русия Асосномаи Румро дар соли 2000 имзо кард, аммо дар соли 2016 ба далели “бароварда нашудани интизорот” ва бархӯрди “гузинишӣ”, имзои худро пас гирифт. Қирғизистон (1998) ва Узбекистон (2001) онро имзо карданд, аммо аз тасвиби он худдорӣ шуд. Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон (узви вобастаи ИДМ) ҳаргиз Асосномаи Румро имзо накарданд.
Мақомоти ин ҷумҳуриҳо бар ин боваранд, ки ба расмият шинохтани як додгоҳи фаромиллӣ, ҳокимияти миллии онҳоро маҳдуд мекунад. Раҳбарони ин кишварҳо ошкоро дар қаламрави худ афродеро, ки таҳти таъқиби Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ қарор доранд, мепазиранд ва аҳкоми боздошти онро комилан нодида мегиранд.
Танҳо истисно дар ИДМ Арманистон аст, ки Асосномаи Румро тасвиб кард ва аз 1 феврали 2024 ба узвияти комили Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ даромад.
Президент США Дональд Трамп выступает на генассамблее ООН 22 сентября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2026
Трамп аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки созмони Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро тарк кунанд
Мақомоти Арманистон ин иқдомро ба ҳадафи ҳифозат аз қаламрави худ анҷом доданд ва салоҳияти қазоии Додгоҳро ба гунаи атф ба гузашта аз соли 2021 ба расмият шинохтанд, то иқдомоти нерӯҳои низомии Озарбойҷон — кишваре, ки Асосномаро имзо накардааст — мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Аз ин рӯ оғози раванди хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар хазони 2026 тавозуни нерӯҳо дар ИДМ-ро ба вазъияти аввалия бозмегардонад. Минтақа амалан марзҳои худро ба рӯи салоҳияти қазоии Додгоҳи Гаага мебандад ва тавофуқҳои дохилии ИДМ дар бораи масунияти дипломатии раҳбаронро тақвият мекунад.
* созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0