https://sputnik.tj/20260924/rusiya-matoho-rishtahoi-tojiki-tavajjuh-video-1080695550.html
Чаро Русия ба матоъҳо ва риштаҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ дорад? Видео
Чаро Русия ба матоъҳо ва риштаҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ дорад? Видео
Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли пурраи нассоҷӣ яке аз ҷанбаҳои асосии ҷалби муштариёни Русия мебошад, мегӯяд роҳбари Ассотсиатсияи иштирокчиёни саноати мӯди Русия
2026-09-24T17:37+0500
2026-09-24T17:37+0500
2026-09-24T17:37+0500
дар тоҷикистон
видео
русия
санъати нассоҷӣ
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/18/1080695309_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_77429987fb661e1d621bac0f3e71e4bb.jpg
Тоҷикистон барои фармоиши брендҳои Русия ҷолиб аст. Барои ин дар ҳудуди ҷумҳурӣ истеҳсоли пурраро бояд ба роҳ монд.Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон роҳбари Ассотсиатсияи иштирокчиёни саноати мӯди Русия Татьяна Белкевич дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии нассоҷӣ дар Душанбе иброз дошт."Мақсади сафари ман ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ мебошад, то муносибатҳои байни соҳаҳо боз ҳам наздиктар шаванд ва дар натиҷа шартномаҳо ва маблағҳо пайдо шаванд", - таъкид кард Белкевич.Вай гуфт, Русия ҳудуди 250 ҳазор тонна ашёи хом мехарад, аммо ин миқдор дигар кофӣ нест. Маҳз истеҳсоли пудратӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми давраи технологӣ – аз истеҳсоли ришта, матоъ, мавод ва маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои саноати дӯзандагии кишвар, рушд ёбад.Таъсиси корхонаи муштараки Душанбеву Маскав: Меваҳои тоҷикӣ ба Русия бештар содир мешавад"Даври пурраи истеҳсолот яке аз ҷанбаҳои асосиест, ки муштарии Русияро ҷалб мекунад", -гуфт ӯ.Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон 2026 дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ тақрибан 250 намоянда аз беш аз 40 кишвар ширкат варзиданд.Дар байни иштирокчиён намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, ширкатҳои нассоҷӣ, ширкатҳои технологӣ ва сармоягузорон ҳузур доштанд.Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Русия афзоиш медиҳадИштирокчиён рақамикунонӣ, автоматикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар саноати нассоҷӣ, занҷири истеҳсоли пахта ва омӯзиши қувваи корӣ, инчунин стандартҳои байналмилалии истеҳсолот, рангкунии табиӣ ва таҳсилоти дугона муҳокима карданд.Сармоягузорӣ дар навсозӣ, маблағгузории сабз ва дастгирии содирот низ баррасӣ шуданд.Маълумоти бештар дар видеои мо.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/18/1080695309_49:0:1009:720_1920x0_80_0_0_dd6b7632225110611ab66b04b2128db5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, видео, русия, санъати нассоҷӣ, иқтисод, саноат, видео
дар тоҷикистон, видео, русия, санъати нассоҷӣ, иқтисод, саноат, видео
Чаро Русия ба матоъҳо ва риштаҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ дорад? Видео
Истеҳсоли пурраи нассоҷӣ яке аз ҷанбаҳои асосии ҷалби муштариёни Русия мебошад, мегӯяд роҳбари Ассотсиатсияи иштирокчиёни саноати мӯди Русия
Тоҷикистон барои фармоиши брендҳои Русия ҷолиб аст. Барои ин дар ҳудуди ҷумҳурӣ истеҳсоли пурраро бояд ба роҳ монд.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон роҳбари Ассотсиатсияи иштирокчиёни саноати мӯди Русия Татьяна Белкевич дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии нассоҷӣ дар Душанбе иброз дошт.
"Мақсади сафари ман ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ мебошад, то муносибатҳои байни соҳаҳо боз ҳам наздиктар шаванд ва дар натиҷа шартномаҳо ва маблағҳо пайдо шаванд", - таъкид кард Белкевич.
Вай гуфт, Русия ҳудуди 250 ҳазор тонна ашёи хом мехарад, аммо ин миқдор дигар кофӣ нест. Маҳз истеҳсоли пудратӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми давраи технологӣ – аз истеҳсоли ришта, матоъ, мавод ва маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои саноати дӯзандагии кишвар, рушд ёбад.
"Даври пурраи истеҳсолот яке аз ҷанбаҳои асосиест, ки муштарии Русияро ҷалб мекунад", -гуфт ӯ.
Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон 2026 дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ тақрибан 250 намоянда аз беш аз 40 кишвар ширкат варзиданд.
Дар байни иштирокчиён намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, ширкатҳои нассоҷӣ, ширкатҳои технологӣ ва сармоягузорон ҳузур доштанд.
Иштирокчиён рақамикунонӣ, автоматикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар саноати нассоҷӣ, занҷири истеҳсоли пахта ва омӯзиши қувваи корӣ, инчунин стандартҳои байналмилалии истеҳсолот, рангкунии табиӣ ва таҳсилоти дугона муҳокима карданд.
Сармоягузорӣ дар навсозӣ, маблағгузории сабз ва дастгирии содирот низ баррасӣ шуданд.
Маълумоти бештар дар видеои мо.