Таъсиси корхонаи муштараки Душанбеву Маскав: Меваҳои тоҷикӣ ба Русия бештар содир мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка сельскохозяйственной продукции в районе Файзобод
Выставка сельскохозяйственной продукции в районе Файзобод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Обуна шудан
Русия барои Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Ахиран ҳайати кории Агентии содирот ба Русия сафар намуда, бо шабакаҳои бузурги тиҷоратии ин кишвар дар бораи содироти ангур шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
Дар ин бора мудири Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст.
Ба иттилоли мақомдори тоҷик ҳайати Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон, масъалаи таъсиси корхонаҳои агрологистикии муштараки Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои роҳандозишуда корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия – ҶДММ "Тоҷ-Рус-Экспорт" таъсис дода шуд.
Инчунин тибқи иттилои раҳбари Агентии содироти Тоҷикистон моҳҳои май – июни соли равон тавассути корхонаи мазкур ба Россия 19 тонна гелос, 58 тонна зардолу ва 10,5 тонна олуи ватанӣ содирот гардид.
“Илова бар ин, аз тарафи КВД "Тоҷагропромэкспорт"-и Агентии содирот, тибқи дархости ҷониби Русия, 1438,4 тонна ангур ба маблағи 8,1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Содироти ангури Тоҷикистон ба Русия сол ба сол афзоиш ёфта, мақоми муҳимро дар ҳамкориҳои кишоварзии ду кишвар мебозад
Виноград. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Маълум шуд, дар Тоҷикистон чӣ қадар мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан 7,4 ҳазор тоннаангур содир шудааст.
Ангури тоҷикӣ ба минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла вилояти Пенза ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо муваффақият интиқол ёфта, харидорони зиёд дорад.дар ҳамин ҳол тибқи иттилои вазорати киҳшоварзии Тоҷикистон дар Тоҷикистон 326,5 ҳаз. тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 85,6 ҳаз. тоннаи онро ангур ташкил медиҳад.
Ин миқдор ҳосилот то 11 сенятябр ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар ҷумҳурӣ 165,5 ҳаз. гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36,4 ҳаз. гектар токзор мавҷуд аст.
Ҳамчунин, бино ба ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ, давоми 35 соли истиқлол дар кишвар, беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0