https://sputnik.tj/20260924/tojikiston-mevagi-jamvaori-1080654688.html
Маълум шуд, дар Тоҷикистон чӣ қадар мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Маълум шуд, дар Тоҷикистон чӣ қадар мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди Тоҷикистони офтобрӯя, 165,5 ҳаз. гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36,4 ҳаз. гектар токзор мавҷуд аст
2026-09-24T09:29+0500
2026-09-24T09:29+0500
2026-09-24T09:29+0500
вазорати кишоварзӣ
ангур
кишоварзӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032480405_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8f6eabab729e166dc2d9b077edbd32b7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон 326,5 ҳаз. тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 85,6 ҳаз. тоннаи онро ангур ташкил медиҳад.Ин миқдор ҳосилот то 11 сенятябр ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.Дар ҷумҳурӣ 165,5 ҳаз. гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36,4 ҳаз. гектар токзор мавҷуд аст. Ҳамчунин, бино ба ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ, давоми 35 соли истиқлол дар кишвар, беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад.Бояд гуфт, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029" қабул карда шуд. Ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардани он инчунин ба захира ва хушк намудани ангур машғул мебошанд.Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд:Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032480405_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_ff481a902e83e614126560bf81ecf98c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати кишоварзӣ, ангур, кишоварзӣ, дар тоҷикистон
вазорати кишоварзӣ, ангур, кишоварзӣ, дар тоҷикистон
Маълум шуд, дар Тоҷикистон чӣ қадар мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар ҳудуди Тоҷикистони офтобрӯя, 165,5 ҳаз. гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36,4 ҳаз. гектар токзор мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон 326,5 ҳаз. тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 85,6 ҳаз. тоннаи онро ангур ташкил медиҳад.
Ин миқдор ҳосилот то 11 сенятябр ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар ҷумҳурӣ 165,5 ҳаз. гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36,4 ҳаз. гектар токзор мавҷуд аст.
Ҳамчунин, бино ба ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ, давоми 35 соли истиқлол дар кишвар, беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029" қабул карда шуд.
Ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардани он инчунин ба захира ва хушк намудани ангур машғул мебошанд.
Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд:
пешпазак — чиллагии сафед,
зарифӣ, ҳисории пешпазак;
миёнапазак — кишмиши сиёҳ, кишмиши хушрӯ, кишмиши сафед, ҳусайнии сафед, қароҷанҷол, султонӣ, шакарангур, анзоб;
миёнапазак — тоифии сурх, нимранг; шаробӣ — саперавӣ, ркатсителӣ, мускати сурх, тавкверӣ, тербаш, тагобӣ, морастел, рислинг, алиатико, алиготе, расмӣ, кӯлҷонӣ, пинос, сиёҳ ва ғайра.
Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.