https://sputnik.tj/20260923/tojikiston-hasharoti-zararrason-ozmoishgoh-1080649690.html
Дар Тоҷикистон барои мубориза бо ҳашароти зараррасон озмоишгоҳ кушода шуд
Дар Тоҷикистон барои мубориза бо ҳашароти зараррасон озмоишгоҳ кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик усулҳои гуногуни ҳифзи растаниҳоро дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ месанҷанд ва арзёбӣ мекунанд
2026-09-23T09:34+0500
2026-09-23T09:34+0500
2026-09-23T09:34+0500
дар тоҷикистон
озмоишгоҳ
ифтитоҳ
ҳашарот
илм ва фанноварӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/16/1080625059_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fab752473d553713cb22cedb35b0a7ac.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Институти зоология ва паразитология озмоишгоҳи махсуси мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзиро боз кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Академияи илмҳо хабар додааст.Қайд карда мешавад, ки фаъолияти озмоишгоҳ барои рушди таҳқиқот дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва дақиқ дар кишвар равона шудааст.Таъкид мешавад, ки дар доираи тадқиқот олимон усулҳои гуногуни ҳифзи растаниҳоро дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ месанҷанд ва арзёбӣ мекунанд.Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, солҳои 2020-2040-ро "Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф" эълон кардааст.Дар ин росто, пештар дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика кушода шуд.Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар мегирад.Таҳқиқот дар ин самтҳо бо такя ба дастовардҳои тибби муосир ва мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20260705/dushanbe-ozmoishgoh-nav-kushoda-1078809050.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/16/1080625059_268:0:2999:2048_1920x0_80_0_0_6ce72f5d3621faee0040496055495274.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, озмоишгоҳ, ифтитоҳ, ҳашарот, илм ва фанноварӣ, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, озмоишгоҳ, ифтитоҳ, ҳашарот, илм ва фанноварӣ, кишоварзӣ
Дар Тоҷикистон барои мубориза бо ҳашароти зараррасон озмоишгоҳ кушода шуд
Олимони тоҷик усулҳои гуногуни ҳифзи растаниҳоро дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ месанҷанд ва арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Институти зоология ва паразитология озмоишгоҳи махсуси мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзиро боз кард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Академияи илмҳо хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки фаъолияти озмоишгоҳ барои рушди таҳқиқот дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва дақиқ дар кишвар равона шудааст.
"Лабораторияи муттаҳидаи мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзӣ як воҳиди тадқиқотӣ ва рушдӣ мебошад, ки ба мониторинги доимӣ, муайян кардани намудҳои ҳашарот, таҳқиқот, арзёбӣ ва мубориза бо ҳашарот нигаронида шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид мешавад, ки дар доираи тадқиқот олимон усулҳои гуногуни ҳифзи растаниҳоро дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ месанҷанд ва арзёбӣ мекунанд.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, солҳои 2020-2040-ро "Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф" эълон кардааст.
Дар ин росто, пештар дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика кушода шуд.
Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар мегирад.
Таҳқиқот дар ин самтҳо бо такя ба дастовардҳои тибби муосир ва мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино ба роҳ монда шудааст.