https://sputnik.tj/20260705/dushanbe-ozmoishgoh-nav-kushoda-1078809050.html
Дар Тоҷикистон бо такя ба мероси Абуалӣ ибни Сино дору месозанд
Дар Тоҷикистон бо такя ба мероси Абуалӣ ибни Сино дору месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар заминаи мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино дорусозиро ба роҳ мемонанд
2026-07-05T10:31+0500
2026-07-05T10:31+0500
2026-07-05T10:31+0500
илм ва фанноварӣ
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ибни сино
дорусозӣ
душанбе
академияи имлҳои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065157002_0:0:2944:1656_1920x0_80_0_0_09703ecfe65e32843e912a7780918539.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика кушода шуд.Дар ин бора, Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки фаъолияти озмоишгоҳ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи растаниҳои шифобахши ватанӣ, омӯзиши таркиби химиявӣ ва хосиятҳои биологии онҳо равона шудааст.Ҳамчунин дар озмоишгоҳ олимон ба таҳияи технологияҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти фарматсевтӣ машғул мешаванд.Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар мегирад.Ҳадафи асосӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои табиии дорувории мамлакат ва таҳияи маҳсулоти рақобатпазири фарматсевтӣ мебошад.Ҳамзамон дар озмоишгоҳ татбиқи тадриҷии дастовардҳои илмӣ аз назария ба амалия тавассути омӯзиш ва истифодаи нусхаҳои гиёҳӣ дар асоси принсипҳои мизоҷфармакология, мизоҷдиагностика ва мизоҷтерапия ба роҳ монда шудааст.Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид шудааст, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон, таъсиси озмоишгоҳҳои нав ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо асбобу таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати илмии давлат мебошад.
https://sputnik.tj/20260524/tojikiston-joizai-baynalmilali-abuali-ibni-sino-1077769016.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065157002_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_cb7321564d77ef5f3ad7a815a16179c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илм ва фанноварӣ, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ибни сино, дорусозӣ, душанбе, академияи имлҳои тоҷикистон
илм ва фанноварӣ, дар тоҷикистон, тандурустӣ, ибни сино, дорусозӣ, душанбе, академияи имлҳои тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо такя ба мероси Абуалӣ ибни Сино дору месозанд
Дар Тоҷикистон дар заминаи мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино дорусозиро ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика кушода шуд.
Дар ин бора, Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки фаъолияти озмоишгоҳ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи растаниҳои шифобахши ватанӣ, омӯзиши таркиби химиявӣ ва хосиятҳои биологии онҳо равона шудааст.
Ҳамчунин дар озмоишгоҳ олимон ба таҳияи технологияҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти фарматсевтӣ машғул мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар мегирад.
"Таҳқиқот дар ин самтҳо бо такя ба дастовардҳои тибби муосир ва мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳадафи асосӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои табиии дорувории мамлакат ва таҳияи маҳсулоти рақобатпазири фарматсевтӣ мебошад.
Ҳамзамон дар озмоишгоҳ татбиқи тадриҷии дастовардҳои илмӣ аз назария ба амалия тавассути омӯзиш ва истифодаи нусхаҳои гиёҳӣ дар асоси принсипҳои мизоҷфармакология, мизоҷдиагностика ва мизоҷтерапия ба роҳ монда шудааст.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид шудааст, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон, таъсиси озмоишгоҳҳои нав ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо асбобу таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати илмии давлат мебошад.