https://sputnik.tj/20260922/vukh-rusiya-khuruji-armaniston-iiao-kharojot-1080621118.html
ВУХ Русия: Хуруҷи Арманистон аз ИИАО хароҷоти бузургеро дар пай хоҳад дошт
ВУХ Русия: Хуруҷи Арманистон аз ИИАО хароҷоти бузургеро дар пай хоҳад дошт
Sputnik Тоҷикистон
Мушкилоте, ки Ереван метавонад дар оянда бинобар рад кардани ҳамгироии Авруосиё бо онҳо рӯбарӯ шавад, Иттиҳоди Аврупоро чандон нигарон намекунад
2026-09-22T15:26+0500
2026-09-22T15:26+0500
2026-09-22T15:26+0500
ииао
арманистон
созмон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069415546_0:196:3065:1920_1920x0_80_0_0_fe40cc81d457c63b36187d306b372b68.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои Арманистон хароҷоти бузурге хоҳад дошт.Дар ин бора, Владислав Масленников, директори Департаменти мушкилоти аврупоӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) ва мақоми баландпояи Русия дар Шӯрои Арктика, ба РИА Новости изҳор дошт.Ӯ инчунин қайд кард, ки Ғарб ба чунин таҳаввулот чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад.Дар ҳошияи нишасти СҲШ дар Бишкек, президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки ҳар қадар Арманистон дар бораи пайвастан ба ИА зудтар қарор қабул кунад, ҳамон қадар беҳтар аст - Маскав бояд фаҳмад, ки чӣ гуна муносибатҳои ояндаро бунёд кунад.Раҳбари Русия таъкид кард, ки хоҳиши Ереван барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ҳаққи қонунии кишвар аст, аммо бо назардошти узвияти Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, мушкилоти объективӣ эҷод мекунад.Агар Ереван қонун дар бораи оғози раванди пайвастан ба созмони дигарро қабул кунад, пас ин метавонад изҳорот дар бораи хуруҷ аз ИИАО арзёбӣ шавад, афзуд Путин. Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба мардуми Арманистон имкони интихоб дар масъалаи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо дода шавад ва бипурсад, ки мардум чӣ мехоҳанд.Ёдовар мешавем, ки дар моҳи марти соли 2025 порлумони Арманистон қонун дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро қабул кард. Моҳи апрел ин санадро президент Ваҳагн Хачатурян имзо кард. Владимир Путин дар мулоқот бо Пашинян изҳор дошт, ки ширкати ҳамзамон дар Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ғайриимкон аст.
https://sputnik.tj/20260903/pashinyan-armaniston-khorij-shudan-iiao-1080133335.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069415546_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_bdcaebd7f082701c653d4d12b00a4ea0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, арманистон, созмон, иқтисод
ииао, арманистон, созмон, иқтисод
ВУХ Русия: Хуруҷи Арманистон аз ИИАО хароҷоти бузургеро дар пай хоҳад дошт
Мушкилоте, ки Ереван метавонад дар оянда бинобар рад кардани ҳамгироии Авруосиё бо онҳо рӯбарӯ шавад, Иттиҳоди Аврупоро чандон нигарон намекунад
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои Арманистон хароҷоти бузурге хоҳад дошт.
Дар ин бора, Владислав Масленников, директори Департаменти мушкилоти аврупоӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) ва мақоми баландпояи Русия дар Шӯрои Арктика, ба РИА Новости изҳор дошт.
Ӯ инчунин қайд кард, ки Ғарб ба чунин таҳаввулот чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад.
"Иттиҳоди Аврупо аз он ки даст кашидан аз ҳамгироии Авруосиё ногузир барои Ереван хароҷоти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор меорад, нигарон нест", - гуфт Масленников.
Дар ҳошияи нишасти СҲШ дар Бишкек, президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки ҳар қадар Арманистон дар бораи пайвастан ба ИА зудтар қарор қабул кунад, ҳамон қадар беҳтар аст - Маскав бояд фаҳмад, ки чӣ гуна муносибатҳои ояндаро бунёд кунад.
Раҳбари Русия таъкид кард, ки хоҳиши Ереван барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ҳаққи қонунии кишвар аст, аммо бо назардошти узвияти Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, мушкилоти объективӣ эҷод мекунад.
Агар Ереван қонун дар бораи оғози раванди пайвастан ба созмони дигарро қабул кунад, пас ин метавонад изҳорот дар бораи хуруҷ аз ИИАО арзёбӣ шавад, афзуд Путин. Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба мардуми Арманистон имкони интихоб дар масъалаи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо дода шавад ва бипурсад, ки мардум чӣ мехоҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи марти соли 2025 порлумони Арманистон қонун дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро қабул кард. Моҳи апрел ин санадро президент Ваҳагн Хачатурян имзо кард. Владимир Путин дар мулоқот бо Пашинян изҳор дошт, ки ширкати ҳамзамон дар Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ғайриимкон аст.