Пашинян гуфт, Арманистон нияти хориҷ шудан аз ИИАО-ро надорад

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Армении Никол Пашинян во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях саммита Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Бишкеке.
Премьер-министр Армении Никол Пашинян во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях саммита Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Обуна шудан
Сарвазири Арманистон таъкид кардааст, ки кишвараш нақша надорад увияташро дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қатъ намояд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҳукумати Арманистон ҳеҷ гуна мухолифатеро байни ҳамгироӣ бо сохторҳои аврупоӣ ва ӯҳдадориҳои кунунии худ дар назди Русия ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) намебинад.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, инро 1 сентябр эълон кард ва афзуд, ки Ереван айни замон нақшаи тарк кардани ИИАО-ро надорад.
Сиёсатмадор таъкид кард, ки ҷониби Арманистон таҳлили ҳамаҷонибаи чаҳорчӯби шартномаҳоро ҳам бо Русия ва ҳам дар дохили ИИАО анҷом додааст.
Баррасӣ ягон вайронкунии ӯҳдадориҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаро ошкор накардааст.
Тибқи иттилои хабаргузории ТАСС, изҳороти дахлдор зимни мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Бишкек дода шуд.
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Созишномаҳои нави ИИАО садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад
Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки оғози раванди пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупо дар асл маънои хуруҷи онро аз ИИАО дорад, зеро узвият дар ҳарду созмон ҳамзамон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайриимкон аст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0