https://sputnik.tj/20260818/putin-shoiri-tojik-timur-zulfiqorov-zodruzash-tabrik-kard-1079748210.html
Путин шоиру нависандаи тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо зодрӯзаш табрик кард
Путин шоиру нависандаи тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо зодрӯзаш табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия аз саҳми бузурги нависанда дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо таъкид кард
2026-08-18T14:49+0500
2026-08-18T14:49+0500
2026-08-18T14:49+0500
дар тоҷикистон
шоир
владимир путин
русия
паёми табрикот
солгард
ҷоиза
темур зулфиқоров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/12/1079743517_0:126:960:666_1920x0_80_0_0_f23ebe63dd69581376fcee36577b3027.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин нависанда, шоир ва драматурги тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо 90-солагиаш табрик гуфт.Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати Русия дар Душанбе хабар додааст.Дар паёми табрикотии худ раҳбари Русия қайд кард, ки нависанда марди дорои рӯҳияи бузург ва истеъдоди саховатманд аст, ки бо эҷодиёти худ зодгоҳаш Тоҷикистонро шуҳрат бахшида, дар таблиғи забони русӣ ва арзишҳои инсондӯстии воқеӣ дар саросари ҷаҳон саҳми созанда гузоштааст.Хадамоти матбуот хабар дод, ки паёми табрикотиро аз номи Владимир Путин сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, ки низ дар чорабинии солгарди ҷашнӣ иштирок кардааст, қироат кард.Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.
https://sputnik.tj/20190111/Temur-Zulfiorov-tafakkuri-ang-doshtan-shoidii-devonagii-mardum-ast-1027948004.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/12/1079743517_0:10:960:730_1920x0_80_0_0_22f4d80d07455f200d8aa47846837b45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, шоир, владимир путин, русия, паёми табрикот, солгард, ҷоиза, темур зулфиқоров
дар тоҷикистон, шоир, владимир путин, русия, паёми табрикот, солгард, ҷоиза, темур зулфиқоров
Путин шоиру нависандаи тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо зодрӯзаш табрик кард
Раҳбари Русия аз саҳми бузурги нависанда дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо таъкид кард
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин нависанда, шоир ва драматурги тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо 90-солагиаш табрик гуфт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати Русия дар Душанбе хабар додааст.
Дар паёми табрикотии худ раҳбари Русия қайд кард, ки нависанда марди дорои рӯҳияи бузург ва истеъдоди саховатманд аст, ки бо эҷодиёти худ зодгоҳаш Тоҷикистонро шуҳрат бахшида, дар таблиғи забони русӣ ва арзишҳои инсондӯстии воқеӣ дар саросари ҷаҳон саҳми созанда гузоштааст.
"Мо барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо корҳои зиёдеро анҷом додем. Ба шумо саломатии бардавом, муваффақият ва ҳама беҳтаринҳоро таманно дорам", - афзуд Путин.
Хадамоти матбуот хабар дод, ки паёми табрикотиро аз номи Владимир Путин сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, ки низ дар чорабинии солгарди ҷашнӣ иштирок кардааст, қироат кард.
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.
Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.