Бо вуҷуди ҳамалоти Украина Русия содироти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистонро зиёд кард
09:39 22.09.2026 (Навсозишуда: 09:51 22.09.2026)

© Sputnik / Илья Наймушин
Обуна шудан
Бо вуҷуди ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, Русия содироти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистонро 3,5 маротиба афзоиш дод.
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Ширкатҳои нафтии Русия дар моҳи август интиқоли сӯзишвории дизелӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистонро ба таври назаррас афзоиш доданд.
Дар ин бора пойгощи хабарии Reuters бо истинод ба тоҷирон иттилоъ додааст.
Дар матлаби расона таъкид мешавад, ки содирот 3,5 маротиба афзудааст.
Пас аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба корхонаҳои коркарди нафт дар моҳҳои июл ва август, Маскав тасмим гирифт, ки содироти маҳсулоти нафтиро муваққатан маҳдуд кунад, то таъминоти дохилиро таъмин кунад.

Аммо, то охири тобистон содироти сӯзишвории дизелӣ, ки аксарияти кулли онро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад, аз нав оғоз ёфт.
Дар ҳоле ки интиқол дар моҳи июл танҳо 16 000 тоннаро ташкил медод, Тоҷикистон дар моҳи август аз Русия беш аз 56 000 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид кардааст.
Ба гуфтаи тоҷирон, ҳаҷми умумии таъминоти сӯзишвории дизелӣ ба Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон дар моҳи август нисбат ба моҳи июл беш аз ду баробар афзоиш ёфта, аз 370 000 тонна гузашт.