https://sputnik.tj/20260914/tojikiston-kharojotash-baroi-kharidi-mahsuloti-naftiro-afzoish-medihad--1080414474.html
Тоҷикистон хароҷоташ барои хариди маҳсулоти нафтиро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон хароҷоташ барои хариди маҳсулоти нафтиро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар... 14.09.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-09-14T15:06+0500
2026-09-14T15:06+0500
2026-09-14T15:06+0500
дар тоҷикистон
бозори нафт
воридот
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1c/1072491721_0:156:3050:1872_1920x0_80_0_0_5570b63ddf1a3e1f7d0cd34ac0e7e70d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷро афзоиш диҳад.Бо ин мақсад, ҷумҳурӣ дар соли оянда беш аз 1,1 млрд долларро харҷи хариди маҳсулоти нафтӣ аз хориҷа карданист. Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ барои соли оянда беш аз 1,5 млн тонна муқаррар шудааст, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон.Ин нишондод нисбат ба соли 2026 аз 100 ҳазор тонна бештар аст.Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар пешбинӣ шудааст.Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.Хароҷоти кишвар барои воридот дар шаш моҳ 494,7 млн доллар будааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд будаааст.Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия 91,1%, Белорус 2,8%, Туркманистон 1,9%, Қазоқистон 1%, Узбекистон 0,9%з, Қирғизистон 0,9% ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.Тибқи додаҳо соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 959,3 млн доллар бо нархи миёнаи 791 доллар ворид гардидаастИн нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешӣ 162 ҳазор тонна зиёд буда.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1c/1072491721_104:0:2835:2048_1920x0_80_0_0_cd7c5659076c842ba24a40fa2203b8b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозори нафт, воридот, сӯзишворӣ
дар тоҷикистон, бозори нафт, воридот, сӯзишворӣ
Тоҷикистон хароҷоташ барои хариди маҳсулоти нафтиро афзоиш медиҳад
Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷро афзоиш диҳад.
Бо ин мақсад, ҷумҳурӣ дар соли оянда беш аз 1,1 млрд долларро харҷи хариди маҳсулоти нафтӣ аз хориҷа карданист.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ барои соли оянда беш аз 1,5 млн тонна муқаррар шудааст, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон.
Ин нишондод нисбат ба соли 2026 аз 100 ҳазор тонна бештар аст.
Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.
Хароҷоти кишвар барои воридот дар шаш моҳ 494,7 млн доллар будааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд будаааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия 91,1%, Белорус 2,8%, Туркманистон 1,9%, Қазоқистон 1%, Узбекистон 0,9%з, Қирғизистон 0,9% ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Тибқи додаҳо соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 959,3 млн доллар бо нархи миёнаи 791 доллар ворид гардидааст
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешӣ 162 ҳазор тонна зиёд буда.